«Шабе дар Осорхона»- чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 18 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи Осорхона ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо номи «Шабе дар Осорхона» имрӯз як зумра чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.
Ба иттилои Зафаршо Иброҳимзода, муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Шабе дар Осорхона» ройгон буда, аз соати 18 то 23-и шаб идома меёбад. Ройгон будани тамошои Осорхона ин намоиши муқаррарии толорҳо набуда, тамошобинон дар баробари аз осори таърихӣ дидан намудан, инчунин бо шахсиятҳои маъруф ва ҳунармандон шинос шуда, дар бозиҳои рушди зеҳние, ки дар Осорхона баргузор мегарданд, метавонанд иштирок намоянд. Дар маҳфил намоиши кашфиёти техникии ихтироъкорони ҷавон пешкаши тамошобинон гардида, инчунин баргузории маҳфили қироати шеър аз ҷониби наврасон- «Минбари Рӯдакӣ», «Ҳафтранг»- намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳунари рассомӣ, экскурсияҳо оид ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамонҳои филмхои тасвирӣ дар Осорхона, Озмуни акси беҳтарин бо номи «Ман дар осорхона», садои ҳайвонот дар шабонгаҳ (бозӣ бо кӯдакон), барномаи консертии «Ғунчаҳои санъати Истиқлол» ва ҷандин ҳунарҳои ниёгон, ба монанди бофандагию кулолгарӣ баргузор мегардад.
Мақсади чорабинии мазкур ҷалби ҷавонону наврасон ба Осорхона ва ташкил намудани фароғати фарҳангӣ барои онҳо мебошад.
Тибқи иттилои Зафаршо Иброҳимзода ҳамасола Осорхонаи миллии Тоҷикистон чандин маротиба дарҳои худро ройгон ба рӯи тамошобинон боз менамояд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ 50 осорхона ба қайд гирифта шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






