Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия-фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як тоҷикистонист

Май 16, 2016 16:56

Душанбе, 16.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. То баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон дар Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, рӯзҳои башумор мондааст.
Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи сарнавиштсоз омодагиҳо ҷараён доранд.
Дар иртибот ба он ба хабарнигори АМИТ Ховар Саодат Ҳайдарзода, сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи «Фирӯза» андешаҳои худро доир ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуд:
— Нақши Конститутсия (Сарқонун) дар таҳкими соҳибистиқлолии кишвар ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон калидӣ буда, он ба ҳайси шиносномаи давлату миллати тоҷик пазируфта шудааст.
Бо назардошти дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеа, таъмини пешрафти минбаъдаи ҷумҳурӣ, мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва истифодаи шакли дурусти калимаву ибораҳо зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба матни Конститутсия (Сарқонун) ба миён омад.
Бо тақозои давру замон қаблан ҳам ду маротиба — 26-уми сентябри соли 1999 ва 22-юми июни соли 2003 зарурат пеш омада буд, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) мамлакат бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда буд: «Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ догма нест». Яъне, он вобаста ба рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, тараққиёт, раванди ҷаҳонишавӣ ва дигар заруратҳо тағйир хоҳад ёфт.
Мақсади муҳимтарин аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон аст. Масалан пешниҳод мешавад, ки калимаи Сарқонун дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад, зеро калимаи мазкур сохта буда, вожаи Конститутсияро ифода карда наметавонад.
Ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардуми кишвар дар қисми шашуми моддаи 8, қисми якум ва сеюми моддаи 15, қисми якуми моддаи 28, ҷумлаи сеюми қисми якум, қисми панҷум, қисми ҳафтуми моддаи 49, қисми дуюми моддаи 65 ва ҳамчунин дар дигар бобу моддаҳои алоҳида зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён омадааст. Ин тағйиру иловаҳоро ба ду қисм ҷудо намудан мумкин аст. Масалан, қисмати тағйиру иловаҳои дорои хусусияти сиёсӣ барои амнияту суботи мамлакат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, илова ба моддаи 8 барои амну суботи мамлакат хеле муҳим аст: «Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст».
Қабули қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми кишвар воқеаи муҳим арзёбӣ гардид. Бо назардошти меъёри конститутсионии асоси ҷамъият эътироф шудани оила, масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи фарзанд, ҳамчунин масъул будани фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии волидайн дар ин ҳуҷҷат қонунӣ гардонида шудаанд, ки мақсад аз онҳо фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад. Ин нуктаҳо низ ба қисми дуюми моддаи сиву чоруми Конститутсия ворид карда шудаанд. Қисмати дигари тағйиру иловаҳо ба забон, услуб ва тарзи нави баёни калимаҳо дахл дорад. Масалан, калимаи «ҷиноӣ» ба «ҷиноят», «шахсоне» ба «шаҳрвандон», «додан» ба «супоридан», «вазифаи ҳар кас мебошад» ба «ҳатмист», «ҳаққи зиндагӣ» ба «ҳуқуқ ба ҳаёт» ва ғайра ба фаҳмою равон шудани забони ин ҳуҷҷати муҳим мусоидат мекунанд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ба мукаммалтар гаштани он мусоидат намуда, кафолати устувории пояи давлатдориамон мегардад ва барои ташаккули минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мамлакатамон тақвият мебахшад.
Ҷойи ифтихори ҳар шаҳрванди мамлакат аст, ки 22-юми май ба қитъаҳои раъйдиҳӣ омада, ақида ва иродаи хешро барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ якдилона баён менамояд.

Май 16, 2016 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад