Тоҷикистон Мусобиқоти Осиё-2016-ро бо бозӣ бо дастаи Узбекистон оғоз мекунад
Душанбе, 03.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Тақвими бозиҳои қисми ниҳоии Мусобиқоти Осиё — 2016 миёни дастаҳои ҷавонони то 19 сола, ки аз 13 то 30 октябр дар шаҳри Манамаи Баҳрайн доир мешаванд, муайян гардид.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи ҷавонони Тоҷикистон бозии нахустини худро дар Мусобиқоти Осиё дар гурӯҳи «D» 15-уми октябр бар зидди дастаи Узбекистон баргузор мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити» доир мегардад. Дар даври дуюм 16 октябр футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо футболбозони чинӣ рақобат хоҳанд кард. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дастаи ҷавонони Тоҷикистон 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо дастаи Австралия қувваозмоӣ менамояд.
Дар сурати ба даври ¼- ниҳоӣ роҳ ёфтан дастаи мо бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон рақобат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқоти Осиё-2016 дар Баҳрайн чор роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2017 барои сафар ба Кореяи Ҷанубӣ бурд карда мешаванд. Дар сурати дар Манама ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтани Кореяи Ҷанубӣ дастаи мақоми 5-умро ишғолкарда низ ба Ҷоми ҷаҳон-2017 роҳхат мегирад.
Мусобиқоти Осиё 2016 миёни дастаҳои ҷавонони то 19 сола
Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.
Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Ветнам.
Гурӯҳи «С»: Қатар, Ҷопон, Яман, Эрон
Гурӯҳи «D»: Узбекистон, Чин, Австралия, ТОҶИКИСТОН.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






