Вохӯрии коршиносони миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 7-уми коршиносони миллии Маркази байналмилалии иттилоотӣ-шабакавӣ оид ба мероси ғайримоддии фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором аз кишварҳои Корея, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон вобаста ба иқдомоти «Лоиҳаи афзун гардонидани аёнияти мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар Осиёи Миёна» баргузор мегардад.
Ҳамзамон дар доираи вохӯрии мазкур Симпозиуми байналмилалии «Фазои фарҳангии Роҳи Абрешим ва Осиёи Марказӣ» доир мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи тартибот ҳар сол як маротиба вохӯрӣ ба тариқи навбатӣ дар яке аз кишварҳо сурат мегирад.
Вохӯрии сеюми коршиносони миллии Маркази байналмилалии иттилоотӣ-шабакавӣ оид ба мероси ғайримоддии фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






