Вохӯрии Миссияи нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай дар ВКХ
Душанбе, 21.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 май соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Миссияи нозирони Созмони Ҳамкории Шанхайро бо роҳбарии Муовини котиби генералии СҲШ Ван Кайвен ба ҳузур пазируфт.
С. Аслов ба давлатҳои аъзо ва Котиботи СҲШ барои ташкили Миссияи мазкур ва сафар ба шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати маъракаи Раъйпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон баргузор хоҳад гашт, изҳори сипос намуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳо дар чорчӯбаи ин Созмони батадриҷ рушдёбанда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






