Ғалабаи «Локомотив» бар «Истиқлол» дар бозии дӯстона

Июнь 27, 2016 12:28

Душанбе, 27.06.2016. /АМИТ«Ховар» /. Шоми  дирӯз  бозии дӯстона байни дастаҳои   «Истиқлол» -и  Душанбе бо «Локомотив»-и  Маскав  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 11 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо бартарии «Локомотив»  сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 32-юми бозӣ меҳмонон боз карданд. Тӯбро Алексей Миранчук аз ҷаримагоҳи мизбонон ба бурҷи дарвоза  зад. Дастаи футболи  «Истиқлол» дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ танҳо як лаҳзаи голзанӣ дошт, вале аз он истифода карда натавонист. Дар нимаи дувуми бозӣ тими «Локомтив» бо ҳайати нав ба майдон омад. Бозӣ ранги дигар гирифт. «Истиқлол» бо тамоми қувва ҳуҷум мекард.Дар дақиқаи 53-юм ба ҳамлагар Дэвид Мавутор, легионери африқоии «Истиқлол»  муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи ӯ ба голи Миранчук шабоҳат дошт.
Дар дақиқаҳои охири бозӣ «Локомотив» боз пешоҳанг шуд. Голи ҳалкунандаро Шкулетич ба ҳадаф расонд. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳи мизбонон бо зарбаи сар ба дарвозаи «Истиқлол» ворид кард.
Ҳамин тариқ, «Локомотив», қаҳрамони дукаратаи Русия, дар ин бозии дӯстона бар «Истиқлол», қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Июнь 27, 2016 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад