Дастаи мунтахаби Русия бо сари хам бозиҳои ниҳоии Евро-2016-ро тарк гуфт

Июнь 21, 2016 11:25

Душанбе,21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи мунтахаби Русия дар бозии охирини гурӯҳи «В» аз дастаи мунтахаби Уэлс бо натиҷаи 3:0 шикаст хӯрда, бо сари хам Фаронсаро тарк гуфт. Ҳунарнамоии дастаи мунтахаби Русия  дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо ҳамон дастаеро ба ёд меорад, ки бо номи тими мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои ахир ёд мешавад. Дастаи мунтахаби  Русия танҳо  бо бозии роҳатбахшаш дар Евро- 2008 зери роҳбарии Гус Ҳиддинг ҳамаро ҳайратзада карда буд, аммо солҳои минбаъда бозӣ боз ба ҳамон усули кӯҳнаи худ тобиш хӯрд ва тими мунтахаби Русия бозие нишон намедиҳад, ки боиси таъриф бошад. Дар Евро 2016, ки дар остонаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар Русия қарор дорад, русҳо мисли мизбонони Ҷоми ҷаҳони оянда худро нишон дода натавонистанд. Танҳо Игор Акинфеев, дарвозабони дастаи мунтахаби ин кишвар бо маҳорати фардиаш дар ёди мухлисон боқӣ хоҳад монд. Агар ин дарвозабон намешуд, шояд русҳо дар ҳама бозиҳои Евро-2016 бо натиҷаи калон мағлуб мешуданд. Се голи Ремзи, Тейлор ва Бейл шодию нишотро ба кишвари Уэлс овард ва то бозии дигар онҳо қаҳрамонҳое мебошанд, ки дастаашонро ба бозии чаҳорякниҳоӣ роҳхат додаанд.
Дар ин гурӯҳ бозии байни дастаҳои мунтахаби Англия ва Словакия бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт ва Уэлс баъди ин ғалаба ба садри ҷадвали гурӯҳи «Б» баромад.

 

N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1   УЭЛС 3 2 0 1 6-3 6
2   АНГЛИЯ 3 1 2 0 3-2 5
3   СЛОВАКИЯ 3 1 1 1 3-3 4
4   РуСИЯ 3 0 1 2 2-6 1
Июнь 21, 2016 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд