Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро дигар накард
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар таснифоти нави Федератсияи ҷаҳонии футбол, ки зери унвони FIFA/Coca-Cola World Ranking ҳар моҳ гузаронида мешавад, Тоҷикистон бо 150 имтиёз мавқеи худро дар зинаи 164 нигоҳ дошт.
Тибқи ин омор дар садри ҷадвали ҷаҳонӣ низ тағйирот ба мушоҳида намерасад. Аргентина (1503) дар зинаи аввал, Белгия(1384) дар ҷои дуввум қарор доранд. Танҳо ба тими мунтахаби Колумбия(1328) ва Олмон(1310) муяссар шудааст, ки як зинагӣ ба боло баромада, мақоми сеюм ва чорумро ишғол кунанд.
Аз кишварҳои Осиё аз ҳама боло дастаи мунтахаби Эрон(688) дар зинаи 38-уми ҷаҳонӣ меистад ва дар ҷои аввали раддабандии дастаҳои қораи Осиё мавқеият дорад. Кореяи ҷанубӣ(603) дар ҷои 50 уми ҷаҳон ва дуввуми Осиё, Ҷопон(581) дар зинаи 53 ҷаҳон ва сеюми ин қитъа қарор доранд.
Мавқеи кишварҳои ба мо ҳамсоя чунин аст:
Узбекистон (544 имтииёз) 66- ҷаҳон, 6- Осиё
Қирғизистон( 313 имтиёз) 111-ҷаҳон, 14- Осиё
Туркманистон(264 имтиёз) 134- ҷаҳон, 20- Осиё
Афғонистон (184 имтиёз) 156- ҷаҳон, 25- Осиё.
Дастаи мунтахаби Бангладеш, ки дирӯз тими мунтахаби Тоҷикистон онро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст дод, соҳиби 93 имтиёз буда, мақоми 181-ро ба худ ихтисос додааст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






