Семинари миллӣ оид ба муқоисаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конвенсияи такмилгардидаи Киото

Июнь 9, 2016 10:06

Душанбе, 9.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  8 июн дар Душанбе семинари миллӣ оид ба муқоиса намудани қонунгузории амалкунандаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бандҳои Конвенсияи Киотои аз таҷдиди назар гузашта ба кор шурӯъ намуд, ки дар ҷараёни он мутахассисони миллии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои назорати гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, танзими тарифӣ, таъмини ҳуқуқӣ ва идораи ҳавфҳо ширкат доранд. Семинар дар чорчӯбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо-«Мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ» (БОМКА) ташкил гардидааст.
Дар давоми чорабинии серӯза коршиносони даъватшуда аз Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳи гумрукчиёни тоҷик меъёрҳои байналмилалӣ ва принсипҳои назорати босамари гумрукиро мутобиқи Конвенсияи такмилгардидаи Киото ва хусусан масоили назорати гумрукиро дар нуқтаҳои убури сарҳад, барасмиятдарории моли содиротиву воридотӣ ва пардохти боҷу андозҳои гумрукӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.
Дар натиҷаи семинари мазкур гузориш аз муқоисаи қонунгузорӣ бо тавсияҳо омода мегардад, ки мутобиқати қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бандҳои Конвенсияи такмилгардидаи Киото шарҳ хоҳад дод.

Июнь 9, 2016 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд