Ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб кумак расонида шуд
Кӯлоб, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Иди саиди Фитр кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Точикистон, ки сарпарастии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлобро ба уҳда доранд, ба табрики муҳассилин омаданд. Кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони мактаб-интернатро бо фарорасии ид табрик гуфта, барои онҳо маводи хӯрока ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дастрас намуданд.
Зимни баромади хеш меҳмонон зикр карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Президенти мамлакат барои беҳтар намудани шароити таълим ва маишии тарбиятгирандагон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд ва ҷавоб ба ин ғамхориҳо тарбиятгирандон бояд бо баҳои хубу аъло хонда, дар оянда баҳри рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳм гузоранд. Чунин амалҳои хайрхоҳона аз ҷониби корхонаю ташкилот ва шахсони саховатпеша дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






