Дар Душанбе маросими муаррифии либосҳои ягонаи миллии варзишӣ ва гусели дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Рио-де-Женейро-2016 баргузор гардид

Июль 23, 2016 17:37

Душанбе, 23.07.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии либосҳои ягонаи миллии варзишӣ ва гусели дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Женейро – 2016 баргузор гардид.

Дар маросими мазкур роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ширкати ватании «iamdifferent», Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳо ва мактабҳои варзишӣ, рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ва иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Рио-2016 иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи маросим Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода хотирнишон намуд, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии   Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори «Тарзи ҳаёти солим – мароми мо!» дар даврони соҳибистиқлолӣ намудҳои алоҳидаи варзиш дар радифи иншооти зиёди сохташуда ва фароҳам овардани шароити созгор дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд карда истодаанд. Абдуллозода зикр намуд, ки дар асоси супоришҳои дахлдори Пешвои миллат Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соли сипаригардида баҳри таҳияи тарҳи либосҳои ягонаи миллии варзишӣ озмун эълон намуда буд, ки дар он ширкати ватании «iamdifferent» ғолиб дониста шуд.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки тарҳи либосҳои миллии варзишӣ аз ҷониби ширкати номбаршуда бо назардошти нишонаҳои миллӣ ва рангҳои Парчами давлатӣ омода гардидааст.

Ба ҳозирин либосҳои варзишӣ, аз қабили футболка бо нақшу нигори миллӣ, футболка бе накшу нигори миллӣ, полои варзишӣ, либоси варзишии футболӣ, гарданбанд (шарф), кулоҳ (кепка), либоси тамринӣ, борхалтаи варзишии сарикитфӣ ва ҷувздони чархдор намоиш дода шуд.

Дар фарҷом  роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ширкати «iamdifferent» ба варзишгароне, ки ба бозиҳои олимпии тобистонаи РИО-2016 роҳхат гирифтаанд, инчунин шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо маҷмӯи либосҳои ягонаи миллии варзишӣ тақдим гардида, ба онҳо зимни иштирок дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Женейро муваффакиятҳо таманно намуданд.

 

 

Июль 23, 2016 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид