Дар Фестивали байналмилалии гурӯҳҳои хорӣ дар Чин ҳунармандони тоҷик иштирок доранд
Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо роҳбарии директори театр Манучеҳр Шарифзода, роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Адҳам Холиқов ва сархормейстери театр Елена Тиллоева дар 13-умин Фестивали байналмилалии гурӯҳҳои хорӣ, ки аз 24 то 30 июли соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин баргузор мегардад, иштирок доранд.
Тавре Толиб Норов, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, фестивал бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ба муносибати 15-солагии ташкили Созмони Ҳамкории Шанхай, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ байни кишварҳои аъзо ва нозир баргузор гардида, ба он ҳунармандони кишварҳои аъзо даъват шудаанд.
«Ҳунармандони мо ду маротиба дар назди иштирокдорони фестивал баромад намуданд», — илова намуд Т. Норов.








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






