Дар Ҷопон таи як ҳафта аз гармии зиёд 3 ҳазор нафар бистарӣ шуданд.
Душанбе, 05.07.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар Ҷопон, дар ҳафтаи гузашта ҳадди ақал 2847 нафар бо ташхиси офтобзанӣ бистарӣ шуданд, ки аз ин теъдод шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора идораи асосии сӯхторхомушкунии кишвар, ки ҳамчунин вазифаи вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилиро адо менамояд, хабар дод.
Бино ба маълумоти ин идора, нисбат ба миёнаҳои моҳи июн шумораи зарардидагони гармӣ се маротиба афзуд. Умуман, то охири апрел дар шифохонаҳои ин кишвар тақрибан 9 ҳазор нафар бо ташхиси офтобзанӣ бистарӣ шуданд.
Рӯзҳои истироҳатии сипаришуда ҳавои гарм дар тамоми қаламрави Ҷопон ҳукмфармо буд, иттилоъ медиҳад ТАСС. Дар як қатор минтақаҳо ҳарорати ҳаво аз 38 градус Селсия баландар шуд. Табибон аз мардум даъват намудаанд, ки дар офтоб зиёд қарор нагиранд, каллапӯш пӯшанд ва ба ҳадди имкон моеот нӯшанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






