Дар оянда дар Тоҷикистон суғуртаи тиббӣ ҷорӣ карда мешавад
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда суғуртаи тиббӣ ҷорӣ карда мешавад». Дар ин бора Назокат Одиназода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф вобаста ба роҳандозӣ намудани суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон таъкид кард, ки мақомоти салоҳиятдор дар ин масъала Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 8 сол муқаддам, соли 2008 қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, соли 2010 ба он тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи ин тағийрот бояд дар кишвар шурӯъ аз соли 2014 суғуратаи тиббӣ ҷорӣ карда мешуд. Аммо тибқи ворид намудани тағйирот ба ин қонун дар соли 2013 ҷорӣ кардани суғуртаи тиббӣ то соли 2017 дар кишвар ба таъхир гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки 13 июл зимни нишасти хабарӣ Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бо дахли ин масъала гуфт, ки дар ин самт дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар санадҳои дахлдор таҳия гардида, инчунин гурӯҳи махсуси корӣ созмон дода шудааст, ки дар мавриди ҷорӣ намудани суғуртаи иҷтимоӣ фаъолият дорад. Вазир таъкид намуд, ки дар марҳиллаи аввал мо ният дорем, ки то соли 2017 дар яке аз шаҳру вилоятҳо ба таври пилотӣ (таҷрибавӣ) ҷорӣ намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






