Дар шаш моҳи соли равон 11 450 заминларза ба қайд гирифта шуд
Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти мабуотӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар бораи заминларзаҳои дар қаламрави кишвар ба вуқӯъ омада иброз намуд, ки танҳо дар соли 2015 зиёда аз 26 ҳазор заминларза ба қайд гирифта шудаанд ва дар шашмоҳаи аввали соли равон бошад, ин шумора ба 11 450 расид.
Фарҳод Раҳимӣ ҳамчунин дар мавриди пешгӯӣ кардани заминларза баён дошт, ки эҳтимоли ба вуҷуд омадани заминларзаҳо вуҷуд дорад, вале имрӯз имконияти илмие, ки 1ё 2 соли ояндаро пешгӯӣ кунад, мавҷуд нест.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






