Файзулло Баротзода: «Фарҳанги рӯзадорӣ». Қисмати шашум
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Доир ба дигар фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон дар сарчашмаҳои муътабари илмию таърихӣ ва фиқҳию ақидатӣ маълумот ва тавзеҳоти зиёд мавҷуданд. Дар иқлиму минтақаҳои гуногуни олами ислом рӯзадорӣ ва баргузории маросимҳои марбут ба он баъзе вежагиҳое дорад, ки он ба хусусиятҳои мазҳабӣва урфу анъанаҳои миллию фарҳангии онҳо вобаста аст. Аслан дар фарҳанги мусулмонӣ дар бораи фазилатҳои ҳар рӯзе аз рӯзҳои Рамазон шарҳу баёнҳои зиёд вуҷуд дорад. Ҷанбаи муҳими дигар дар асоси се даҳа табақабандӣ кардани моҳи Рамазон аст. Бояд гуфт, ки масъалаи ба се даҳа тақсим кардани ин моҳ аз ҳадисе маншаъ мегирад, ки ба Салмони Форсӣ рафта мерасад. Дар матни он аз ҷумла чунин омадааст: «Ва он моҳест, ки оғозаш раҳмат (меҳрубонӣ), миёнааш мағфират (омурзиш) ва анҷомаш итқун мина-н-нор (раҳоӣ аз оташи дӯзах) аст».
Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд, ки дар даҳаи нахустини Рамазон раҳмату меҳрубонии Парвардигори Худованд болои бандагони мусулмон арзонӣ дошта мешавад; маводи хӯрданию ошомидании рӯзадоронро Худо дар ин даҳа ончуноне муяссар мегардонад, ки худашон дар ҳайрат мемонанд; афзудани файзубаракат ва хайру саховат дар ин даҳа низ аз нишонаҳои лутфу карам ва меҳрубонии илоҳист. Ҳикмати асосӣ дар ин даҳа иборат аз он аст, ки ҳеҷ рӯзадоре дар анҷумани мусулмонон беифтор намемонад.
Фазилати бузурги даҳаи дуюм дар мафҳуми мағфират ифода ёфтааст, ки омурзиши гуноҳҳо, бахшидани ҳамдигар, талаби омурзиши волидайну фавтидагон ва иҷобати дуоҳо дар ҳаққи гузаштагонро дар худ ғунҷоиш додааст. Рамазон арзишҳои воло ва ҳикматҳои баланде дорад, ки тавассути он рӯзадор на танҳо барои замиру равон ва ботину зоҳири худ аз ҳама гуна зиштию бадиҳо покӣ талаб мекунад, балки дар айни замон аз баракати ин моҳ ҷӯёи мағфирати худовандӣ нахуст барои волидайн, сипас барои хешовандону пайвандони худ ҳам мешавад.
Фазилати даҳаи сеюмро дар он донистаанд, ки дар рӯзи 27-уми Рамазон, ки бо номи Лайлатулқадр маъруф аст, Китоби муқаддаси мусулмонон барои ҳидояту раҳнамоии аҳли башар нозил шудааст. Аз ин рӯ, шабзиндадорӣ дар ин шаб савоби баробар ба 1000 моҳҳои дигарро дорост. Ба хотири гиромӣ доштани фазилатҳои ёдшуда тамоми мардуми мусулмон, ба хусус шахсони тавонманд саъю талош мекунанд, ки дар ин мавсим ба шахсони ниёзманд дасти ёрӣ дароз намоянд, амалҳои инсондӯстона ва худоҷӯёна анҷом диҳанд, ҳиммат бар он мениҳанд, ки касеро наранҷонанд, балки бо ҳар роҳу васила пирону барҷомондагон ва кӯдакону ятимонро мавриди дилбардорӣ ва навозиш қарор медиҳанд. Оммаи мардум бештар дар ин моҳи табаррук ба ҷониби ростию ҳақиқат майл мекунанд ва аз дурӯғу ботил дурӣ меҷӯянд. Чунин рафтор боиси тақвияти бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, одамият ва раҳму шафқат дар байни одамон ва густариши пайвандҳои иҷтимоӣ мегардад.
Олимону фақеҳони ҳавзаҳои илмӣ дар қаламрави давлати Сомониён тамоми рукнҳои дини исломро ба муқаррароти анъанаҳои миллию фарҳангии худ дар асоси таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ханафӣ мутобиқ намудаанд. Ҳамин буд, ки фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва баргузории маросимҳои марбут ба он дар матни фарҳанги тоҷиктаборон ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умумимиллӣ ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид.
Дар муайян намудани вежагиҳои ин моҳ дар фазои ҷуғрофиёии Мовароуннаҳри таърихӣ нақши фақеҳи бузург Абӯҳафси Кабир ал-Бухорӣ бисёр бузург аст. Тахмин кардан мумкин аст, ки дар заминаи мазмуну муҳтавои ҳадиси ривоятшуда аз Салмони Форсӣ шояд баргузории намози таровеҳро дар Аморати Бухоро ва Бухорои Шарқӣ ба се даҳа табақабандӣ карда бошанд.
Одатан дар даврони дури асримиёнагӣ ҳангоми баргузории намози таровеҳ дар Масҷиду-л-Ҳароми Макка баъди ҳар чаҳор ракъат Хонаро тавоф мекарданд, дар Масҷиду-н-Набавӣ дар байни намозҳо чизе аз хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо тановул мекарданд, дар баъзе минтақаҳо дар байни ракъатҳо салавот мефиристоданд. Вале дар фарҳанги тоҷиктаборони Варорӯд нисбат ба тафаккуру тасаввури дар ҷойи ибодат чизе тановул кардан кароҳият доштанд ва бо қироати тасбеҳ баланд бардоштани рӯҳияи маънавиро авлотар медонистанд. Матлаби ҷолиби дигар он аст, ки дар муҳити фарҳангӣ ва динию мазҳабии мо ҳаргиз ба масъалаи рӯзадор будан ё набудани одамон аз мавқеи ҷаҳолату таассуб рафтор намекарданд ва чизе дар ин бобат дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳам зикр нашудааст. Шиори маъруфи орифонаи пайравони тариқати нақшбандия «дил ба ёру даст ба кор» буд. Дар баробари дигар маъниҳои баланд ин таъбирро бояд аз мавқеи ҷамъиятӣ низ пазируфторӣ кард. Яъне тавозуни маънавиёти худоҷӯёна ва корҳои ризқофарию эҷодкорона бояд риоят шавад. Посдорӣ ва эҳтироми маросими динӣ«чунин маънӣ надорад, ки мо кор накунем ва ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот, кишти такрорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро ба вақти дигар гузорем. Тибқи талаботи фиқҳи ҳанафӣ низ барои касоне, ки бо корҳои вазнин машғуланд ва онҳое, ки агар дарав накунанд, зироаташон талаф мешавад ва дар фасли зимистон ба оилаҳояшон вазнинӣ меорад, сабукӣ дода шудааст». Касби ризқу рӯзӣ ҳама вақт нисбат ба диёнату тақводорӣ бартарият дорад, зеро коҳиш ёфтани фаровонии ризқ, пеш аз ҳама, бовару эътиқоди мардумро заиф мегардонад. Ва шаҳрвандони кишвари озоди дунявии мо низ дар ин масъала ихтиёри комил доранд ва фазои мусоиди озодии виҷдон ҳимояи ҳуқуқҳои онҳоро кафолат медиҳад.
Дар муҳити динии Сомониён замзамаи дуоҳои малакутӣ бо номи «Субҳона зӣ-л-мулки ва-л-малакут»-ро авлотар донистанд. Ривояти ин ҳадисро доир ба чунин тасбеҳ гуфтан дар таровеҳ аз Саъид ибни Ҷубайр ба Умар ибни ал-Хаттоб мансуб донистаанд, ки дар китобҳои «ад-Дурру-л-мансур фї-т-тафсири би-л-маъсур»-и Суютӣ ва «Радду-л-мухтор»-и Ибни Обидин дарҷ гардидааст. Ҳамин тавр, барпо намудани намози таровеҳ дар анъанаи мазҳабии мо роҳу равиш ва тартиби махсус касб кард. Барои он баъди ҳар чаҳор ракъат тасбеҳи малакутӣ ва баъди шаби Лайлатулқадр тасбеҳи алвидоъ пазируфта шуд. Ниёгони мо дар байни риёзатҳои рӯҳонию раббонии намози таровеҳ тановул карданро мақбул нашумурданд. Ва ҳамин анъана то имрӯз идома ёфта истодааст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар, ба хусус табақаи рӯҳоният бояд дар масъалаи бе каму кост ҳифз намудани он масъулият эҳсос намоянд.
Рамазон на танҳомоҳи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рӯза, балки фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кӯмаку ёрмандии ниёзмандон низ ҳаст. Аз ин ҷиҳат, садақаи фитрро яке аз василаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дӯстию муҳаббат дар байни мусулмонон ҳисобидан мумкин аст. Садақаи фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рӯзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Дар ҳадис омадааст, ки кадоме аз садақаҳо беҳтар мебошад. Дар ин бора таъкид шудааст: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дорад, бояд садақаи фитрашро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон адо намояд. Садақаи фитр барои ҳамаи мусулмонон – марду зан, бузургу хурдсол ва озоду барда воҷиб аст.
Дар «Саҳеҳ»-и ал-Бухорӣ аз ривояти Ибни Умар омадааст: «Пайғамбари Худо (с) дар закоти Фитр додани як соъ хурмо ё як соъ ҷавро бар ҳар ғулому озод, марду зан ва хурду калони мусулмон фарз гардонд; ва фармуд, ки онро то ба намоз баромадани мардум адо кунанд». Яъне садақаи Фитр пеш аз адои намози ид бояд анҷом дода шавад. Ва зарур аст, ки ҳикмати додани садақаи фитр ҷиҳати ба шахсони мустаҳақ расонидани он риоя гардад, то ки таъйиноти иҷтимоии ин амал ба даст ояд: якум, тавассути додани садақаи Фитр мусулмонон нисбат ба фақирону бенавоён ғамхорӣ изҳор менамоянд, то андозае ниёзмандӣ ва мӯҳтоҷии онҳоро коҳиш медиҳанд ва барояшон имконияте фароҳам меоваранд, то ки иди Фитрро баробари мусулмонони дигар бо хушию хурсандӣ ҷашн гиранд; дуюм, ин амал дар замири мӯъминон ахлоқи баланд ва фазилатҳои некӯ, ба мисли караму саховатмандӣ ва меҳру ҳамдардиро тақвият мебахшад; сеюм, аз мавқеи эътиқодоти динӣ садақаи Фитр каффорати гуноҳ ва тақсиротест, ки дар вақти рӯза содир шудаанд, зеро ҳар гуна амали хайр хатоҳои қаблиро ҷуброн мекунад; чаҳорум, садақаи фитр шукрона ба даргоҳи Худои Мутаол барои он аст, ки ба мо тавфиқи ба тамомӣ анҷом додани рӯза ва ибодати моҳи шарифи Рамазонро муяссар гардонид.
Бояд сароҳатан донист, ки садақаи Фитр барои табақаҳои ниёзманди мардум дода мешавад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худова барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз муҳтавои ин ояти карима барои мо комилан равшан мешавад, ки садақаи Фитр бояд ба ниёзмандон дода шавад.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо солҳои охир ҳолатҳои супоридани садақаи фитр барои рӯҳониёни бонуфуз ва ходимони дин бисёр ба назар мерасад ва як раванди нохушоянд касб кардааст, ки ин амал мухолифи омӯзаҳои Қуръону суннат буда, ҳамчунин хилофи моҳият ва ҳикмати садақа, яъне дастгирӣ ва кӯмак ба ниёзмандон аст. Агар садақаи Фитр таъйиноти воқеии худро ёбад, он барои дастгирии табақаҳои ниёзманд, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ваҳдати миллию эътиқодии мусулмонон мусоидат мекунад.
Дар доираи арҷгузорӣ ба ҳамин арзишҳои волои рӯзадорӣ Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ин моҳи муборак шахсан ба ятимону барҷомондагон дасти кумак расонида, суннати пойдори мазҳаби ханафии ниёгони пурифтихорамонро идомат мебахшад. Зери таъсири ҳамин ташаббусҳо аксари соҳибкорону тавонмандони кишвар иқдомҳои одилона ва худоҷӯёнаи ӯро дастгирӣ карда, ҳар сол ба табақаҳои ниёзманд холисона дасти хайру ёрмандӣ дароз мекунанд.
Воқеан, аз баракати даврони истиқлолияти давлатӣ таҷлили Иди Фитр ва Иди Қурбон ҳамчун ҷашнҳои динӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд, имконпазир гардид. Дар заминаи қарорҳои қабулшуда барои адои фароизи динӣ, риояи озодии виҷдон ва бовару эътиқод шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳар сол дар арафаи оғози моҳи шарифи Рамазон, фарорасии иди Фитр ва иди Қурбон Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи кишвар расонида мешавад, ки он барои хусусияти бештар миллӣ касб намудани ин ҷашнҳо мусоидат менамояд. Ба ин васила арзишҳои волои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, раҳму шафқат, ғамхорӣ нисбат ба ҳамдигар ва дигар анъанаҳои писандидаи ин маросимҳо тарғибу ташвиқ карда мешавад. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда барои анҷом додани фароизи моҳи шарифи Рамазон ва адои маносики ҳаҷ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, ки он аз дуруст ба роҳ мондани муносибати давлати дунявӣ ба дин шаҳодат медиҳад.
(Давом дорад)