Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев: «Роҳбарияти вилояти Нижегород дар дилхоҳ бахш омода аст ҳамкориро бо Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба роҳ монад»

Июль 20, 2016 08:58

Душанбе, 20.07.16. /АМИТ «Ховар»/. «Федератсияи Русия яке аз се кишвари пешоҳангест, ки дар самти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дорад. Равобити гуногунҷанбаи ду кишвар ба ҳайси шарикони стратегӣ дар сатҳи минтақаҳо низ дар ҳоли тавсеа қарор дорад».
Ин матлабро губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз дар Қасри миллат баргузор гардид, ба хабарнигорон изҳор намуд.
Тавре Валерий Шантсев иброз намуд, ҳайати намояндагии вилояти Нижегороди Федератсияи Русия дар доираи сафар ба Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд боздид ба амал меоранд ва дар Ярмарка-намоишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон — 2016 иштирок карда, роҳҳои минбаъдаи тавсеи ҳамкории судмандро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
«Дар суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкорӣ дар самти иқтисодиву тиҷоратӣ, илму техника ва маорифро баррасӣ кардем. Ҳамчунин атрофи таҳкими ҳамкорӣ ва бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта дар соҳаи саноат, сохтмон, илму маориф, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Нежегород мароқ зоҳир намудем. Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин самтҳо қарор шуд, ки гурӯҳҳои корӣ миёни Тоҷикистон ва вилояти Нижегороди Федератсияи Русия таъсис дода шаванд. Ин гурӯҳҳо имкониятҳои мавҷударо меомӯзанд ва баъдан мо ҳамкории ба ҳарду ҷониб муфидро ба роҳ мемонем».
Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев ҳамчунин баён намуд, ки роҳбарияти вилояти Нижегород дар дилхоҳ бахш омадааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба роҳ монад.

Июль 20, 2016 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Тошканд брифинг оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Вена оид ба энергетика ва иқлим муаррифӣ гардид
Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд