Гулистон: ҳаҷми маҳсулоти коргоҳҳои саноатӣ ба беш аз 800 млн.сомонӣ расид
Гулистон, 09.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Корхонаҳои саноатии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» — Гулистон дар шаш моҳи соли равон аз нақшаи дурнамо зиёд маҳсулот истеҳсол намуд. Дар ҷадвали саҳмгузорӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоят он ба 31% баробар гашт, ки ин нишондиҳанда миёни шаҳру навоҳии шимоли кишвар беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Тавре Рустами Одилзода, масъули Хадамоти иттилоотии раиси шаҳри Гулистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар шаш моҳи соли 2016 корхонаҳои саноатӣ шаҳр сарфи назар аз мансубият ба моликияташон тавлиди маҳсулотро ба маблағи 877 миллиону 419 ҳазор сомонӣ расониданд, ки он дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2015 ба 142,3% баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 260,7 миллион сомонӣ зиёд буда, иҷроиши дурнамо ба 143,7% расидааст.
Аз шумораи умумии 29 коргоҳи шаҳр дар пешрафти иҷрои нақшавӣ саҳми корхонаҳои зерин, чун «Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Чин», ҶДММ «Чархи гандумин», ҶМ ТКММ «Апрелевка», «Сахо и К», ҶДММ «Хубон», ҶДММ «Фаровон», ҶДММ «Равшан» назаррас буда, саноатчиёни шаҳр соли равон низ азм доранд дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр ва баланд бардоштани некуаҳволии сокинони шаҳри Гулистон саҳмгузор бошанд.








ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






