Кай шабакаҳои телевизион ба ҷои филмҳои хориҷӣ бештар филмҳои ватаниро пахш мекунанд?

Июль 16, 2016 13:07

Душанбе.16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишасти матбуотӣ  оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли равон баргузор гардид. Дар нишасти мазкур  байни роҳбарияти Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  дар  мавзӯъҳои сатҳу сифати барномаҳои Телевизиони «Тоҷикистон», забони онҳо, рушди синамои тоҷик ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа    суолу ҷавоб   сурат гирифт.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси кумита зимни посух ба суолҳои хабарнигорон, аз ҷумла зикр намуд, ки дар Телевизиони «Тоҷикистон» масъалаҳои мубрами рӯз пайваста инъикос гардида,  барои таҳияи барномаҳои танқидӣ дар фаъолияти журналистони телевизион ва радио  монеаҳо вуҷуд надоранд. Пешниҳоди барнома  аз маҳорату истеъдод ва малакаи касбии кормандон вобаста аст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ  ҷиҳати дар ҳолати ғайрисанитарӣ истеҳсол кардани равған дар корхонаҳои саноатӣ, бо сифати паст ба фурўш гузоштани  маҳсулоти гўштӣ, бетаваҷҷуҳӣ дар самти бо об таъмин кардани аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бад будани вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ва вазъи ногувори хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш дар шаҳри Душанбе зиёда аз 30 гузориши танқидӣ таҳия шуд, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷиҳати иҷрои корҳо ва ё рад кардани маводи танқидӣ ба унвони Телевизиони «Тоҷикистон» вокуниш ворид нагардидааст.
Роҳбарияти кумита ба  суоли хабарнигори АМИТ «Ховар»  дар бораи тадбирҳои андешидашуда  дар мавриди пахши филмҳои ҳунарии   истеҳсоли синамогарони тоҷик, ки  тараннумгари таъриху фарҳанги миллати мо мебошанд,  ба ҷойи филмҳои бегона, аз ҷумла туркиву эронӣ  посух дода, аз ҷумла зикр намуданд, ки  айни ҳол лоиҳаи «Барномаи рушди кино барои солҳои 2017-2021» таҳия гардида истодааст ва роҳандозии барномаи мазкур барои тавлиди беҳтарин филмҳои ҳунарии истеҳсоли синамогарони тоҷик мусоидат хоҳад кард.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки аз ҷониби кумита дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади  рушди синамои ватанӣ, таҳияи беҳтарин филмҳои тоҷикӣ  Фестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад.
Роҳбарияти Кумита ба эроди рӯзноманигорон дар бораи пахш нагардидани   барномаҳои  шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» дар баъзе аз манотиқи кишвар посух гуфта, аз ҷумла зикр намуданд, ки  дар нимсолаи якуми  соли 2016 барои боз ҳам пурра намудани фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши барномаҳои ракамӣ ҶСК «Телерадиоком» дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Тоҷикэлектроника»  3 адад фиристандаи рақамӣ, аз ҷумла дар шаҳри Турсунзода ва  ноҳияҳои Фархору  Зафаробод насб карда, дар  ноҳияи Истаравшан як адад фиристандаи радиоӣ дар мавҷи ҒМ дар басомади 95,0 МГс барои пахши барномаҳои радиои «Фарҳанг» ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа фарогирии ноҳияҳои Истаравшан 94,98 %, Ғончӣ 39,34 %, Зафаробод 85,18 ва Шаҳристон 67,32  %-ро дар бар гирифт.
Масъулини кумита ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар  ноҳияи Айнӣ низ ду адад фиристандаи радиоӣ  ва барои пурра намудани фарогирии пахши барномаҳои «Телевизиони Тоҷикистон»  дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Мастчоҳ фиристандаҳои телевизионӣ насб  шуда,  дар стансияҳои радиотелевизионии кишвар корҳои танзимию профилактикӣ гузаронида шуданд. Дар шаш моҳи соли 2016   143 адад фиристандаи радиотелевизионӣ  таъмир ва  34 адад иншооти антеннию фидерӣ  танзим гардиданд.
Инчунин аз 1 марти соли 2016 шабакаҳои навтаъсиси «Варзиш» (дар формати HD) ва «Синамо» ба мултиплекси рақамӣ ҳамроҳ  шуда,  айни ҳол фаъолияти худро дар шакли рақамӣ оғоз намуда, тариқи фиристандаҳои рақамӣ ТВ «Варзиш» дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Кўлоб, Истаравшан, Хоруғ, Данғара, Қубодиён, Вахш, Рашт, Панҷакент, Зафаробод, Исфара, Турсунзода, Фархор ва ТВ «Синамо» дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Кўлоб, Данғара, Қубодиён, Вахш, Рашт, Панҷакент, Турсунзода ба воситаи  стансияҳои радиотелевизионӣ пахш мегарданд.

Июль 16, 2016 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт