Камол Насрулло манзумаашро ба Рӯзи байналмилалии паланг бахшидааст

Июль 29, 2016 08:10

Душанбе, 29.07.2016./АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камол Насрулло бахшида ба Рӯзи байналмилалии паланг манзумаи наве бо номи «Модарпаланг» эҷод намуд. Камол Насрулло дар пешгуфтори ин манзума чунин нигоштааст:

«Аз муносибат ва дахолати  нодурусти инсон ба табиат солҳои охир на фақат табиати сайёра хароб шудааст, балки бисёр ҷонварону наботот несту нобуд  мешаванд. Чунин муносибати беандеша таносуби табиатро халалдор намуда, онро рӯ ба рӯ ба харобӣ меоварад. Имрӯз нобуд ва камшумор шудани бисёре аз ҷонварон, аз ҷумла палангон,  инсониятро нигарон намудааст. Имрӯз  одамон дарк кардаанд, ки ҳимояи табиат-ҳимояи  худи инсон ва нобудшавии он нобудшавии ӯст. Агар имрӯз дар ҳимояи табиат бонги хатар назанем, барои дифоъ ва эҳёи он чораҳои таъҷилӣ наандешем, фардо дер хоҳад шуд, фардо мо худамон  бо ин табиат нобуд хоҳем гашт.

Паланг яке аз чунин ҷонварҳои зебост, ки кайҳо ба “ Китоби сурх” даромадаву имрӯз ба ҳимояи мо ниёз дорад.  29-уми июл  дар тамоми дунё Рӯзи паланг эълон гардидааст. Аммо мо, агар хоҳем, ки зиндагии солимро дар сайёраи Замин нигаҳ дорем, бояд ҳар рӯзу ҳар соати ҳастии худро ба дифои табиат бубахшем.

Инсон ҳамеша вобастагӣ аз табиат дорад, балки ӯ худ як узви табиат аст. Табиат низ мисли инсон як зуҳуроти зинда аст, ки ниёз ба муносибати нек, ба парваришу ғамхорӣ дорад. Вақте дар ин ҷисми ягонаву зинда узве захмӣ ё бемор мешавад, таъсираш, дардаш дар ҳама узвҳои дигар эҳсос мегардад. Имрӯз инсоният бонги хатар мезанад, зеро ин табиати бузург, ки мо инсонҳо низ узви он ҳастем, рӯ ба харобӣ  овардааст ва дар бисёр мавридҳо мӯҷиби ин харобӣ худи инсон аст, инсоне, ки худаш табиатро маҳв мекунад, инсоне, ки бо ин рафтор теша ба решаи худ мезанад”.

АМИТ “Ховар” манзумаи нави Камол Насрулло “Модарпаланг”-ро ҳамчун маълумот барои андеша пешниҳоди хонандагон мегардонад.

МОДАРПАЛАНГ

 Манзума

           Қиссаи модарпалангро аз рӯзноманигор ва суратгари зиндаёди тоҷик Мақсуди Ҳусайн шунида будам. Ин ҳикоят ҳақиқатест, ки дар боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе чандин сол пеш рӯй дода буд.

***

Паланг аз сулолаи ширхорон ва аз оилаи гурбаҳост. Аз бузургтарин ҳайвоноти дарандаи имрӯзист. Дарозии танаш то 2 метр, думаш 1,1 метр, вазнаш ба 320 кг мерасад. Ҷисмаш дарҳамкашидаву муназзам ва тавоност. Дасту пои қавӣ, панҷаҳои паҳн ва мусаллаҳ бо нохунҳои бузург дорад. Сараш мудаввар, гӯшҳояш хурд буда, дорои рише дар бари рӯй аст. Сафи мӯйҳои танаш анбӯҳ, зич ва нарманд. Ранги пӯсташ сурхи зардчатоб буда, тасмахатҳои кӯндаланги сиёҳ дорад. Дар байни хатҳои торики пӯсти ӯ дурахши тиллоие ҷилвагар аст. Дар гарданаш дастаи мӯйҳои дароз, пӯпаки начандон бузурге дорад. Бо тавоноӣ, чолокӣ ва бурдбории бузурге фарқ мекунад. Нӯшидани обро дӯст медорад. Шиновари хубест. Рӯди бузургеро чун Ганг ба осонӣ убур мекунад. Ба дарозии 7 ва баландии 2 метр метавонад биҷаҳад.

     Навҳаи ҳалқумии ҳушоҳанг ва давомноки ӯ бо садои хотирмони «уу-уу-уунг» дар хотима, зери сояҳои ҳузнангези дарахони азим ба дуриҳо парвоз мекунад…

                     

…Дар паси панҷара, дар боғи вуҳуш

Як палангест, ки  маҳзун

хоб аст,

Як палангест, ки дар хеш фурӯ афтода,

Ҳамчу дар ҳалқаи амвоҷ пурӯ афтода,

Акси як гирдоб аст.

 

Он қадар дар сари по буду

гулӯгоҳи садо буд,

Он қадар сар ба сари панҷара мезад, ки куҷо рафту куҷо буд.

 

Дар паси он қафаси фӯлодин

Дар кафи қисмати пурдарду шигифт аст  паланг,

Ба сари   сахти худ афтода чу санг.

 

Умри ширини варо кард кӣ талх?!

Рӯшанистони варо тира кӣ кард?!

Ку ҳарифе, ки ба мардӣ сари роҳаш ояд?

Нест як ҳамҷигаре

рӯи ба рӯ гоҳи набард.

 

Гоҳ-гоҳе ба нигоҳи маҳзун

Нигарад  хаставу ҳайратзада бар рӯи касон,

Ки тамошои вай оянд,

чӣ маккору ҷафопеша буванд

Одамоне, ки варо карда дар ин ҷо зиндон.

 

Як паланге, ки ҳама ҷисм бувад,

Ҳайкали хастаи оҳ,

Як паланге, ки нигоҳ асту нигоҳ асту

нигоҳ…

Дар нигоҳаш ба ҷуз аз ҳасрати танҳоӣ нест,

Ҳама ҳузн асту ҳама дард, ҳама ранҷурист,

Панҷа бар панҷараҳо мезанаду ночор аст,

Сояи озор аст.

 

Аз виқоре, ки варо буд басе монда ҳанӯз,

Аз шукӯҳе, ки варо буда, нишоне боқист.

Лек  андоми маризаш ба шумо мегӯяд

Он, ки ӯ буд дигар нест, дигар нест, ки нест…

 

…Шуҷоатмандии паланг дар он зоҳир мешавад, ки ӯ пеш аз ҳуҷум бо наъра  инсонро огоҳ мекунад (Юз баръакс аз қафо дармефитад). Паланг лоша (ҷонвари мурда)-ро одатан намехӯрад. Ҳайвони покизакор аст. Хонааш ҳамеша тозаву озода. Лашу луши (рӯдаву шикамба) сайди ба дастовардаашро намехӯрад. Берун бурда дар канор мегузорад. Пӯсти ҷонваронро тоза меканад, мегӯянд ҳатто харгӯш ва мурғобиро чунон тоза мекунад, ки пӯсташон осеб набинад.

Мардуми соҳили Байкал бовар доштанд, ки агар ба ногаҳ аз пайи изи паланг ба роҳ бароед, бояд ҳатман аз хатти изи по берун наомада, таъзимкунон ақибнокӣ қадам гузоред. Вагарна бадбахтӣ рӯй хоҳад дод…

 

…Дар паси панҷараи сахти фулузӣ танҳост,

Ин чӣ рӯз аст, чӣ шом асту чӣ нанг ?!

Охир ӯ рӯбаҳу оҳубараву маймун нест,

 

ӯ паланг аст,

паланг аст,

паланг !!!

 

Мезанад барқ нигоҳаш,

ғазабаш меборад,

Умри бигзаштаи худро ба назар меорад…

 

ӯ, ки симои ғаюр асту таманнои ғурур,

Ғеви ҷангал, сипари дашту

кӯҳистони баланд.

Рӯҳи кӯҳ асту дили ғору фари шаршараҳо,

Бандае несту афтода ба банд.

 

Оҳ,  озод буду ҳокими кӯҳу саҳро,

Монда зери қадамаш

Тангнову паҳно.

 

…Шер шоҳи ҳайвонот бошад ҳам, паланг тавонотар аз шер аст. Таҷрибаи боғҳои ҳайвонот ва сиркҳо инро собит мекунанд. Агар шер бо паланг биҷангад, қариб ҳамеша бештар шер захм бардоштаву мағлуб мегардад. Агар сари вақт онҳоро ҷудо накунанд, паланг метавонад шерро пора карда ба ҳалокат расонад. Дар вазн ҳам паланг хеле вазнинтар аз шер аст. Ба ғайр аз ин паланг одати дар гала бо шарикон зистан надорад. Метавонад беҳтар дар муҳорибаҳои як ба як худро ҳимоя кунад. Таҷрибаи ӯ бештар аст. Бо ҳама ин сабабҳо шерҳоро аз Осиё на танҳо одамон, палангон низ танг карда бароварданд…

 

Чӣ қадар зӯру тавон дошт,

чӣ сон зебо буд,

Аз даҳе як натавон гуфт, ки ӯ якто буд…

Дар дилаш меҳр, ба тан зӯру шукӯҳу шон дошт,

Фараҳе дошту фар дошту фарзандон дошт.

Дар миёни ҳама беҳамто буд,

Дар фурӯғи нигаҳи ӯ шаафи фардо буд…

Ҳеҷ касро ба ҷаҳон қадру фару шодӣ нест,

Агар андар дили ӯ нусрати озодӣ нест…

 

 …ӯ дар беша сайр мекунаду парандаҳо, оҳувон, бӯзинаҳо… ӯро дида, бетоқатона фарёд мекунанд. Дар ҷисми бузургу ором ва боҳашамати ӯ  нерӯи азими ваҳшӣ ва суръати  шадиди рағбатҳо ниҳонанд. Бесабаб нест, ки ҳатто одам ҳанӯз палангро надида, бидуни интизорӣ аз дидори ӯ, баногоҳ ба эҳсосоти ғайричашмдошти беқарорӣ дармефитад. Инро телепатия меноманд (яъне дарку эҳсоси он чизе, ки аз шумо дур аст). Шояд он эҳсоси пуртуғёне, ки ҷонвар дар худ ниҳон медорад, ба одам расида, беихтиёр ӯро ба ҳаяҷон меоварад…

 

… Инак акнун ба паси панҷара зор афтодаст,

Аз шукӯҳу шаафу  авҷи виқор афтодаст,

Нигарон аст, ки кай қути варо меоранд,

Пеши ӯ косаи пасмонда кунун бигзоранд.

 

То ки ӯ гушна намирад, чи шигифт!

Ҳайфи ин  қомату ин синаву ин шонаву кифт.

 

Гарчи дар монда кунун дар паси ин ҳолаи танг,

ӯ паланг аст,

паланг аст,

паланг аст, паланг…

 

Нест таслим, вале зиндонист,

Нест ӯ кушта, вале қурбонист.

 

…Паланг ҳам рӯз ва ҳам шаб сайр мекунад. Қаламрави ӯ хеле бузург буда, садҳо километри мураббаъро фаро мегирад. Барои он ки ҳамаи онро аз назар гузаронад, паланг баъзан дар як шабонарӯз 80-90 километр роҳро тай мекунад.

ӯ ба шикор мебарояд. Ба муқобили бодҳо ба ҷониби обхӯра ва чарогоҳи оҳувон. Агар камин гирад, ҳатман аз ҷониби шамолпаноҳ. Ин муносибати ғалатиест бо қувваи шомаи қурбониёни худ, зеро ҳисси шомаи худи ӯ хеле суст ривоҷ ёфтааст. Аммо чашму ғӯшаш ба таври аъло мебинаду мешунаванд…

 

…Рӯҳи озодии ӯ чун ба  дилаш кора кунад,

Бандҳоро ба нигаҳ пора кунад.

 

Гиряву хандаи худро ба қазо наъра занад,

Ғами худро ба худо наъра занад.

 

Чанд солест, ки ӯ зиндонист,

Аз паси панҷараи фӯлодӣ

Кишвари хуррами ӯ пайдо нест…

 

Модарпаланг на ҳар сол палангчаҳоро ба дунё меорад. Одатан дар як зоиш ду-чаҳор тифл, аҳёнан як ва боз аҳёнтар ҳафто таваллуд мекунанд. Бояд дар назар дошт, ки ду-се сол, баъзан то панҷ сол палангҳои наврас бо модарашон зиндагӣ мекунанд. Бисёр мешавад, ки дар синни наврасӣ палангчаҳо нобуд мешаванд. Паланг метавонад чил-панҷоҳ сол зиндагӣ кунад, аммо дар асл паланг хеле барвақттар вафот мекунад…

 

…Чанд солест дар ин ҷо хоҳанд

Насл аз ӯ гиранд.

Аз асолат ба асорат бирабуданд, кунун

Асл аз ӯ гиранд.

 

Чанд солест варо ҷуфт оранд,

Як паланги дигареро ба бараш бигзоранд.

То ки чанде бо ҳам

Дӯш бар дӯш шаванд,

нӯш кунанд,

Чанд рӯз аз ғами айём фаромӯш шаванд.

 

Лек ҳар сол…   шигифт,

Тифлаконе, ки бизояд, натавонанд гирифт.

 

Чунки ҳар бор паланг

Чашмҳои ҳамаро карда хато,

Зояду худ бикушад тифлонро:

Не ба ман, не ба шумо!

 

…Дар афсонаҳои халқҳои шарқ паланг бештар чун шоҳи ҳайвонот ва сарвари ҷангал таҷассум меёбад. ӯро ҳамчун барандаи рӯҳи кӯҳҳову ғорҳо меҳисобанд. Дар Чин ӯ нафақат шоҳи ҳайвонот, балки ҳамчун воситаи таҳдиди зидди девҳо истифода мешуд. Соҳирони бузург, ки тарсандаи девҳо буданд, одатан савори паланг тасвир мешуданд. Дар баъзе халқҳо чунин мешумориданд, ки безурётиро бо хӯрдани гӯшти паланг, таъзим кардан ба иззи пои ӯ ва ҷаҳидан аз болои пӯсташ метавон барҳам зад.

       Баъзе қавмҳо чунин мешумориданд, ки палангро нафақат куштан раво нест, балки ба ӯ изҳори эҳтиром бояд кард, ҳангоми вохӯрдан таъзимкунон салом бояд дод

 

…Инак ӯ бори дигар ҳомила аст,

 

Боз чашми нигаронанд ҳама,

Бар сараш шому саҳар

Посбонанд ҳама.

 

То ки ӯ зояду наслаш гиранд,

Ҳама бехоб,  паи тадбиранд.

Рӯзу шаб дар бари ӯ

Ҳалқаи занҷиранд.

 

Лек ҳар бор паланг

Буд  дар банди малол,

Чунки медод ба худ

Аз раҳи сидқ суол:

 

Чӣ палангест, агар зиндонист,

Дар паси панҷара чун саг

бар сари сутхонест.

Чӣ палангест, агар банда бувад,

Дар паси панҷараҳо баставу шарманда бувад.

Кӯдаконаш бо ҳаёҳуй кулӯх андозанд,

Чӣ палангест, агар бозичаи тифлон аст..?

 

…Ду моҳи аввал палангбачаҳо фақат бо шири модар парвариш меёбанд. Баъд кам-кам ба гӯшт одат мекунанд. Бо вуҷуди ин боз дер вақт (аз рӯи баъзе мушоҳидаҳо 13-14 моҳ) паланг ба кӯдакони худ шир медиҳад, палангбачаҳои шашмоҳаро баъзан ба муддати чандин рӯз танҳо мегузорад. Тахминан дар ҳамин син бори аввал онҳо бо ҳамроҳии модар ба шикор мебароянд…

 

 

…Посбонон ҳама ногаҳ хуфтанд,

Ба ғанаб шуд нафасе боз нигаҳбони паланг.

Барқ зад дар дили шаб чашми

дурахшони паланг…

 

Осмон дар назараш гардон шуд,

Моҳу анҷум ба даме пинҳон шуд.

Гӯи дарёи дамон низ зи маҷрояш монд,

Ҳамаи даҳр ба як набз шуду як ҷон шуд…

 

Дардро бурд фурӯ,

Наъраро дар худ кушт,

Кӯдаконро зоид,

Хокро канда ба мушт…

 

Ду адад  тифлаки навзоидаашро бӯид,

Ду нафар тифлаки навзоидаашро бӯсид.

Баъд аз ишқи баланд,

Баъд аз меҳри баланд,

Бо ҳама шафқату раҳме, ки варо дар ҷон буд,

Ашк дар дидаву афғон ба дилу дард ба ҷон

Кард оғӯшу таҳи оғӯшаш

Кушт тифлони азизи ҷонро!

Кушт ояндаи пурармонро!

 

Ин нидо буд, ки бо набзи дилаш дошт фиғон:

Чӣ палангест агар зиндон аст?!

Чӣ палангест агар масхараи тифлон аст..?!

 

…Чу саҳар шуд ҳама ногаҳ диданд,

Ки нишастаст паланги ҳушёр,

Тифлаконаш ба бараш сокиту беҷон хобанд…

Мисли ду пайкари нанганд, ки дар бистари виҷдон хобанд.

 

ӯ вале бо сари боло, бо ор,

Дар нигоҳаш зафару кибру виқор..!

 

Нигаҳаш мегузарад аз ҳама ҷисм,

Аз  ҳама садди раҳаш карда убур.

Меравад аз сари мо болотар

Ҷониби нуқтаи дур…

 

Сӯи он нуқта, ки дар чашми ту номафҳум  аст,

Сӯи он нуқта, ки як нукта бувад,

Ки ба мардони худо маълум аст…

 

Гарчи банд аст кунун дар паси ин ҳалқаи танг,

ӯ  паланг аст, паланг аст, паланг аст,

ПАЛАНГ..!

 

 

 

 

 

 

Июль 29, 2016 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид