Кортҳои миллии нафақагирон то 15 июл иваз карда мешаванд

Июль 13, 2016 11:47

Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар/. Кортҳои бонкии нафақагирони шаҳри Душанбе то 15 июли соли равон  бинобар ба охир расидани муҳлати истифодабариашон иваз карда мешаванд.
Дар ин росто нафақагироне, ки дар ҳудуди  пойтахт истиқомат менамоянд, барои иваз кардани кортҳои бонкии худ бояд ба марказҳои хизматрасонии бонкии «Амонатбонк» муроҷиат намоянд. Кортҳои нави бонкӣ танҳо дар асоси пешниҳоди  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти бознишастаҳо ба онҳо супорида мешавад.
Дар мавриди бемор будани нафақагирон, кормандони «Амонатбонк»  ба хонаи онҳо рафта, корти бонкиашонро иваз менамоянд.
Фахриддин Холматов, иқтисодчии шуъбаи рушд ва иқтисоди  департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт,  ки то санаи 1 июли соли равон 6 ҳазору 379 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ оиди пардохтҳо тариқи  кортҳои пардохтии  бонкӣ  бо «Амонатбонк» ҳамкорӣ доранд. Алҳол муштариёне, ки аз кортҳои миллии «Амонатбонк» истифода менамоянд, 1 миллиону 43 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 300 ҳазор нафар зиёд аст.  Теъдоди нафақагироне, ки аз кортҳои миллии «Амонатбонк» дар пойтахт истифода менамоянд, ба 51 ҳазор адад  мерасад.
БДА «Амонатбонк» яке аз бонкҳои куҳантарини Тоҷикистон буда, алҳол дар миқёси  кишвар дорои  77 филиал,  664 нуқтаҳои додани пули нақд, 190 банкомат ва 111 адад постерминалҳо дар марказҳои савдо ва хизматрасониҳо мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон пардохти маошу нафақа аз ҷониби бонки давлатии «Амонтабонк»  тавассути корти миллии пластикӣ аз моҳи декабри   соли 2010 ба роҳ монда шудааст, ки муҳлати онҳо се солро дар бар мегиранд ва бо гузашти се сол ин кортҳо бояд ба кортҳои нав иваз карда шаванд. Инчунин аз ҷониби «Амонатбонк» истифодаи корти паластикии байналмилалии VISA ҷорӣ карда шудааст, ки  муҳлати истифодаи он ду сол буда, нафароне аз он  истифода менамоянд, ки зуд-зуд ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Алҳол дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар аз ин навъи корти пластикии байналмилалӣ истифода менамоянд.

Июль 13, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад