Мушкилоти қарзҳои бонкӣ: судҳои иқтисодӣ аз баргардонидани зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ҳисобот медиҳанд

Июль 20, 2016 15:32

Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 1 миллиарду 51 миллион сомонӣ маблағҳои пулӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи судҳои иқтисодии мамлакат ба фоидаи даъвогарон ва давлат рӯёнида шудааст.
Наим Мансурзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон субҳи имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои иқтисодии мамлакат ҳисобот дода, зикр кард, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта шумораи парванда ва арзу шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ 290 адад зиёд гардида, дар маҷмӯъ 1263 парванда дар асоси арзу шикоятҳои шаҳрвандон, корхона, ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ширкатҳои гуногуни тиҷоратӣ, бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ баррасӣ шудаанд.
Сабаби зиёд шудани арзу шикоятҳо ва бо чунин ҳаҷми калон рӯёнида шудани маблағҳои пулиро Н.Мансурзода чунин шарҳ дод: «Боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ, аз ҷумла ба судҳои иқтисодӣ зиёд шудааст. Зиёда аз ин, дар натиҷаи татбиқи босамари барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон маърифати ҳуқуқии сокинон боло рафтааст. Акнун шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро хуб медонанд ва барои ҳимояи манфиатҳои худ бевосита ба судҳои кишвар муроҷиат карда, мушкилоти бонкиву қарзии худро ҳал менамоянд».
Дар баробари зиёд шудани ҳаҷми маблағҳои рӯёнидашуда пардохти боҷи давлатӣ низ дар давоми шаш моҳи соли равон афзоиш ёфта, зиёда аз 90 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҳар қадаре  парванда зиёд, ҳаҷми маблағҳои ба фоидаи даъвогарон ва давлат рӯёнидашуда бештар бошад, ҳамон қадар ҳаҷми боҷи давлатӣ низ зиёд шудааст.
Н. Мансурзода таъкид намуд, ки бештари парвандаҳои дар судҳои иқтисодӣ баррасишуда даъво ва мушкилоти баргардонидани қарзҳои гирифташударо дарбар гирифта буданд: «Агар парвандаҳо оид ба тағйир додан ва ё бекор кардани шартномаҳо, оид ба иҷора, хариду фурӯш, шартномаи контрактаксия ва дигар даъвоҳо аз 7 то 15 ададро ташкил карда бошад, пас парвандаҳо вобаста ба баргардонидани қарзҳо 232 адад, аз ҷумла вобаста ба баррасии шартномаҳои баргардонидани кредит (қарзи пулӣ) 205 ададро ташкил доданд. 287 аризаи даъвогӣ аз тарафи бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳӣ ба судҳои иқтисодӣ ворид шуданд. Дар натиҷаи баррасии 195 парванда барқарор намудани қарз аз ҳисоби амволи ба гарав мондашуда амалӣ шудааст», — гуфт Наим Мансурзода.
Зикр карда шуд, ки барои баргардонидани қарзҳои гирифташуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо низ ба судҳои иқтисодӣ муроҷиат карда, барои баргардонидани маблағҳои пули давлатӣ мусоидат намуданд. Барои мисол, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ барои ҳимояи манфиати давлат 11 ариза бевосита ба Суди Олии иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ 27 ариза ба судҳои иқтисодӣ пешниҳод шудааст.
Н.Мансурзода ба савол дар бораи бо арзу шикоят ва даъвоҳо муроҷиат кардани ашхос ва ширкатҳои хориҷӣ ба судҳои иқтисодии Тоҷикистон посух дода, чунин иттилоъ дод: «Бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ Суди иқтисодии вилояти Суғд ду ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе се парвандаро баррасӣ намудаанд. Аризаи даъвоии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нисбат ба ширкати миллии Қазоқистон «Темир жоли» дар бораи рӯёндани 258 ҳазору 805 франки швейтсарӣ ва 1 миллиону 792 ҳазору 771 сомонӣ қонеъ ва аризаи даъвогии Корхонаи муштараки «Беларус-Австрия» нисбат ба Корхонаи муштараки Русия-Тоҷикистон «Техноэнергокомплект» оид ба рӯёндани 6 600 доллари ИМА ва 1000 евро рад карда шудааст. Аризаи даъвоии  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои ҶММ «ОДК Сервис» (Федератсияи Русия) дар бораи беэътибор донистани қарори Кумитаи андоз низ рад карда шудааст».
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳои иқтисодии мамлакат 13 парванда вобаста ба муфлисшавӣ баррасӣ шудаанд, ки нисбат ба қисме аз онҳо ҳалнома бароварда шуда, дархости баъзе аз корхонаву ширкатҳо барои муфлис эътироф шудани онҳо рад карда шуданд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ним соли равон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба суд бо ариза, аризаи даъвоӣ, шикояти кассатсионӣ ва назоратӣ муроҷиат намуданд, ба фоидаи давлат беш аз 3 миллиону 133 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт ва бо санадҳои судӣ зиёда аз 17 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки дар асоси нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Амри Президенти мамлакат аз моҳи сентябри соли 2011 таҳти рақами 1729 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ оид ба фаъолияти нимсолаи аввали соли равон нишастҳои матбуотӣ баргузор намуда, дар ҳузури журналистон ҳисобот пешниҳод мекунанд.
А. Сангзода

Июль 20, 2016 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид