Пагоҳ дар кадом мақомот нишасти матбуотӣ доир мегардад?
Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ 21 июл оид ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2016 нишастҳои матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор хоҳанд шуд.
Нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 11:00 дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» баргузор мегардад. Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ соати 11:00 дар бинои Кумита ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соати 09:00 низ дар бинои худи Иттифоқ нишасти хабарии худро баргузор менамоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






