Сармураббии нави «Истиқлол» таъин шуд

Июль 13, 2016 17:48

Душанбе, 13.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси сербиягӣ Никола Лазаревич, ки собиқан дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба ҳайси мураббии тарбияи ҷисмонӣ фаъолият кардааст, ба мансаби сармураббии ҷадиди КФ «Истиқлол» таъин гардид. Вай дар ин вазифа Мубин Эргашевро иваз намуд.
Тавре Рустам Ҳакимов сухангӯи «Истиқлол» тавзеҳ дод, бо тавсияи сармураббии нави даста роҳбарияти КФ «Истиқлол» собиқ сармураббии тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Нӯъмонҷон Юсуповро, ки ҳафтаи равон аз сармураббигии дастаи «Хуҷанд» озод шуд, ба ҳайси ёвари Никола Лазаревич интихоб кард.
То замоне, ки Никола Лазаревич ба Душанбе меояд, дастаро Нӯъмон Юсупов тамрин медиҳад.
Дар айни ҳол сармураббии тозаинтихоби «Истиқлол» барои ноил шудан ба иҷозатномаи дараҷаи «Pro»  дар Академияи маҳорати мураббигии Иттиҳодияи футболи Русия маҳорат меомӯзад. Дар давраи таҳсил ӯ дар бошишгоҳҳои Аврупо, чун «Атлетико» (Мадрид), «Копенгаген» (Дания), «Зенит» (Санкт-Петербург) ва «Базел» (Швейтсария) таҷриба андӯхтааст.

Июль 13, 2016 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд