Семинар дар мавзӯи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ»
Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ»-ро бо иштироки кормандони Бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва директорони мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир намуд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дар доираи омӯзиш ба иштирокдорон оид ба талаботи кории имрӯза дар ҳуҷҷатнигорӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар корбарӣ, муҳиммияти пешниҳоди саривақтии ҳисоботу гузоришҳои барномаҳои соҳавӣ, муфассал ва бомазмун пешниҳод гардидани мактубҳои корӣ ва дигар нозукиҳои корбарии соҳа маълумотҳо дода шуд.
Баргузории семинари мазкур идомаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи доимии роҳбарияти Кумита нисбат ба кормандони сохторҳои маҳаллӣ дар васеъ гаштани малакаҳои корбарии мутахассисони соҳа мебошад, зикр кард манбаъ.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






