Шоири халқии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи Палатаи Аврупо гардид
Душанбе, 25.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Палатаи Аврупо (Evrochambres.org) аз 17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи «Diploma di Merito» ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мешавад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад.
Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар қатори Гулназар Келдӣ ба ин мукофот олимони машҳур академикҳо Элеонора Крилатих, Зурат Церетели ва Лев Бокерия низ сарфароз гардонида шудаанд.








Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд






