Суғд: иштирокчиёни даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Хуҷанд, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ғолибони ду даври аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидааст, муайян шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кишвар, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ҳамзамон ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон, ҷиҳати муайян намудани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳа, маҳалла, хона ва оилаҳои намунавӣ рӯи кор омадааст.
Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ин замина мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани мусобиқаи мазкур тадбирҳои саривақтӣ андешида, дар ин раванд корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба рафти мусобиқа ва натиҷагирии он иттилоъ доданд, тибқи талаботи моддаи 7 зербанди 22-23-и қоидаҳои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ моҳҳои май-июн дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят марҳилаҳои аввал ва дуввуми мусобиқа баргузор гардид. Дар он аз 18 шаҳру ноҳияҳо 1500 маҳалла, 660 деҳа, 93 деҳот ва 22 шаҳрак иштирок намуданд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа 18 маҳалла, 14 деҳа, 9 деҳот ва 8 шаҳрак соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла намунавӣ, якум, дуюм ва сеюм сазовор гардида, бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар бахши Оилаи беҳтарин — оилаи А. Олимов аз ноҳияи Спитамен, ҷ/д Ӯлҷабоев ва се ҷои ифтихорӣ якум насиби оилаи М. Нуъмонов аз шаҳри Панҷакент, маҳаллаи Деваштич, ҷ/д Халифаҳасан, дуюм Н. Файзуллоев аз ш. Хуҷанд, кумитаи маҳаллаи Таги Сада ва сеюм М. Раҳимов шаҳри Гулистон, «Дӯстии халқҳо».
Хонаи беҳтарин -хонаи Н. Усмонов аз ноҳияи Б. Ғафуров, ҷ/д Ёва, якум, Н. Ғиёсов ҷ/д Ортиқови ш. Конибодом, дуюм, Ф. Холова ҷ/д Росровути ноҳияи Деваштич ва сеюм, С. Ҳасанова ҷ/д Айнии ноҳияи Айнӣ.
Маҳаллаи беҳтарин-маҳаллаи Зардолузори ш. Панҷакент, ҷои якум маҳаллаи Зафар, ш. Истаравшан, дуюм маҳаллаи дуввуми шаҳри Истиқлол ва сеюм маҳаллаи Ватан ш. Бустон.
Деҳаи беҳтарин -деҳаи Диловарони ш. Конибодом, якум деҳаи Кулангир н. Б. Ғафуров, дуюм деҳаи Мадрушкати н. Кӯҳистони Мастчоҳ ва сеюм Шаҳристон н. Шаҳристон.
Деҳоти беҳтарин-деҳоти Гули Сурхи ш. Истаравшан, се ҷои ифтихорӣ, деҳоти Чоркӯҳи ш. Исфара, деҳоти Яхтани н. Деваштич ва деҳоти Иван Тоҷики н. Кӯҳистони Мастчоҳ.
Шаҳраки беҳтарин-шаҳраки Пролетар н. Ҷ. Расулов, се ҷои ифтихорӣ шаҳраки Зафаробод н. Зафаробод, шаҳраки Нов н. Спитамен, шаҳраки Шайдони н. Ашт.
Ноҳияи беҳтарин- ноҳияи Б. Ғафуров, якум н. Мастчоҳ, дуюм н. Айнӣ, сеюм н. Ҷ. Расулов.
Шаҳри Хуҷанд шаҳри беҳтарин ва се ҷои ифтихорӣ- ш. Панҷакент, ш. Гулистон ва ш. Исфара дониста шуданд.
Ҳамчунин дар рафти баргузории Мусобиқа аз ҷониби комиссияи баҳогузорӣ муайян гардид, ки анқариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, шаҳракҳову маҳаллаҳо дар ин самт барои иштирок дар мусобиқаи зерин омодагии хуб дидаанд.
Дар интиҳо дар даҳаи дуввуми моҳи июл, тибқи хулосагирии комиссияи вилоятӣ оид ба натиҷагирии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, намояндагони зерин чун ғолибони давраи вилоятӣ ҳисобида шуда, баҳри иштирок дар давраи ниҳоӣ пешбарӣ гардиданд. Инҳо ғолибони марҳилаи дуввум, маҳаллаи «Зардолузор»-и шаҳри Панҷакент, деҳаи «Диловарон»-и шаҳри Конибодом, деҳоти «Гули сурх»-и шаҳри Истаравшан, шаҳраки «Пролетар»-и ноҳияи Ҷ. Расулов ва ғолибони марҳилаи сеюм ноҳияи Б. Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мебошанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






