Тарбияи насли наврас дар руҳияи солимии тану ақл
Деваштич, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич баҳри ба наврасон талқин намудани пешбурди тарзи ҳаёти солим, дар истироҳатгоҳи «Чашма»-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ бозиҳои серҳаракати «Офарин»-ро баргузор намуданд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич хабар доданд, дар истироҳатгоҳ, ки тамоми шароитҳои мувофиқу мусоид барои ҳам машғулияту ҳам истироҳат ва ҳам сайру гашт омода гардида буданд, наврасону ҷавонон дар иҷрои тамоми шартҳои бозиҳо чусту чолок ва фаъол буданд.
Бозиҳои серҳаракати «Офарин» дар се давр баргузор гардида, аз шартҳое иборат буданд, ки барои обу тоби бадан таъсири мусбӣ дошта, шавқи истифодаи ҳаррӯзаи чунин машғулиятҳои варзиширо дар наврасон бедор менамуд.
Инчунин тамошобинони ин бозиҳо низ аз иҷрои шартҳо ба завқ омада, шартҳоро ҳам тамошо ва ҳам баробари дастаҳои иштирокчӣ иҷро мекарданд. Бахусус дастаҳои «Далерон» ва «Ориён» маҳорати баланди чобукиро аз худ зоҳир намуда, миёни дигар дастаҳои ҳамсолони худ ғолибиятро ба даст оварданд.
Дар хотимаи чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз чобукию варзишдӯстии наврасон ибрози қаноатмандӣ ва хушнудӣ намуда, туҳфаҳои Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Деваштичро барои иштирокчиёни фаъол ва дастаҳои ғолиб тақдим намуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






