Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ: «Соли равон баистифодадиҳии зеристгоҳҳои «Геран-2», «Румӣ», «Бойғозӣ» ва «Қайроққум» пешбинӣ шудааст»
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар нимсолаи аввали соли сипаригардида лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ Геран-Румӣ» ва «Сохтмони Неругоҳи барқи обиии хурди Пасор» бо иқтидори 125 кВт ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд»,-иброз дошт вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ.
Усмонали Усмонзода ҳамчунин илова намуд, ки лоиҳаи «Таҷдиди ДТК 500 кВ дар Неругоҳи Норак» бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаҳои «Сохтмони зеристгоҳи 220 кВ «Геран-2», таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Румӣ», «Бойғозӣ», «Қайроққум» тибқи нақша идома доранд ва ба истифодадиҳии онҳо дар соли равон пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






