Дар Хатлон аз хариду фурӯши симоб ҷилавгирӣ карда шуд
Душанбе, 02.08.2016/АМИТ «Ховар»/. Кормандони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ сокини шаҳри Қӯрғонтеппа С.М-ро ҳангоми ба фурӯш баровардани 954 грамм моддаи кимёвии симоб боздошт намуданд.
Маълум гардид, ки шаҳрванд М.С. маводи кимёвии симобро аз сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ М.Ш. дастрас намуда, ният дошт ки онро ба мабалағи 15 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш барорад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба ин шаҳрвандон парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол гардидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






