Гулназар Келдӣ: «Насли ояндаро бояд чунин тарбия намоем, то роҳи оғозгардидаро бо сари баланд идома диҳад»

Август 17, 2016 11:48

Душанбе, 17.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, вохӯрӣ дар байни афсарон ва хизматчиёни агентӣ, ки аксарашон кормандони ҷавони насли истиқлол мебошанд, дар рӯҳияи истиқлолдӯстию ватанпарварӣ доир гардид.
Г. Келдӣ таъкид намуд, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи адабиёт тарбияи маънавии инсон, тарғиби ахлоқи ҳамида, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ситоиши ҳамдиливу ҳамкорӣ, суботу осоиш, ба роҳи рост ва муҳити солими маънавӣ ҳидоят намудани инсон мебошад. Адабиёту фарҳанг хусусият ва сиришти инсонгароёна дошта, ба кас неруву шодмонӣ, хушиву хушбахтӣ мебахшанд.
Шоирони бузурги мо, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Ҷ. Балхӣ ҳамеша дар ашъори худ аз дӯстию ҳамгироӣ, ваҳдату иттиҳоди инсонҳо сухан мекарданд.
«25 сол мешавад, ки насли ҷавони миллат аз шаҳди истиқлолият баҳра  мебарад ва мо бояд насли ояндаро чунин тарбия намоем, то роҳи оғозгардидаро бо сари  баланд идома дода, Ватанро ободу шукуфон гардонад. Кормандони агентӣ бо он мефахранд, ки имрӯз бо шарофати сулҳу якдигарфаҳмӣ ва фазои ороми кишвар фаъолияти пурсамар менамоянд»,- афзуд ӯ ва илова намуд, ки маҳз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратию низомӣ, аз ҷумла агентии мазкур дар нигоҳдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияту бехатарӣ, сулҳу суботи ҷомеа масъул мебошанд.
Дар вохӯрӣ шоирон дар васфи Ватан- модар, истиқлолият,  сулҳу ваҳдат шеърҳо қироат намуданд.

Август 17, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад