Гурӯҳи ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балет дар фестивали байналмилалӣ санъату ҳунари Тоҷикистонро муаррифӣ карданд

Август 4, 2016 12:06

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарнамоии гурӯҳи ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар Фестивали 13-уми байналмилалии гурӯҳҳои хорӣ аз ҷиҳати омодагӣ беҳтарин дониста шуд.
Фестивал дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки тақрибан 80 гурӯҳи хорӣ ва 10000 аҳли ҳунар аз кишварҳои гуногун идома дорад, вале гурӯҳи ҳамсароёни театри тоҷик бо сабаби омодагӣ ба Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд.
Фестивал ба муносибати 15-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни кишварҳои аъзо ва нозир ташкил карда шудааст.
Гурӯҳи ҳамсароёни тоҷик бо роҳбарии директори театр Манучеҳр Шарифзода, роҳбари бадеӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Адҳам Холиқов ва сархормейстери театр Елена Тиллоева сурудҳои халқии ба ҳамсароӣ мувофиқкардашуда, аз ҷумла «Республикаи ман»-и Шарофиддин Сайфиддинов, «Дӯстӣ»-и Талаб Сатторов, «Муҳаббат»-и Зиёдулло Шаҳидиро пешкаши иштирокдорони фестивал намуданд.
Хусусан иҷрои се суруд бо забони чинӣ аз ҷониби ҳамсароёни тоҷик писанди мизбонону меҳмонони фестивал ва сазовори кафкӯбии онон гардид.

Август 4, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид