Маркази миллии қонунгузорӣ дар самти ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои назаррасро анҷом дод
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Кормандону мутахассисони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо табақаҳои гуногуни ҷомеа пайваста вохӯриҳо гузаронида, дар ин самт тавассути воситаҳои ахбори омма беш аз 200 маротиба баромад намуданд». Ин матлабро Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Марказ иброз дошт.
Мавсуф зикр кард, ки кормандони Марказ дар ин давра дар мавзӯъҳои «Асосҳои ҳуқуқии ташаккули фондҳои кафолатӣ дар Тоҷикистон», «Фазои мусоид барои ташкилоти ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон», «Танзими ҳуқуқии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ мувоффиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳлили муқоисавӣ- ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа бо қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ» ва «Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории маорифи давлатҳои ИДМ» таҳлили илмӣ-амалиро ба анҷом расониданд.
Ҳамзамон дар ин давра ду шумораи маҷаллаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонунгузорӣ» нашр гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






