Мубориза бар зидди коррупсия самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст
Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Назорати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти назорати молиявист». Ин матлабро Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни семинаре, ки дар Душанбе дар мавзӯи «Назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои давлатӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ташкилоти қарзӣ» доир гардид, иброз дошт.
Семинар ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар амал татбиқ намудани талаботи бандҳои 74-75-76 ва 78-и «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва нақшаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд гузаронида шуд.
Дар он масъалаҳои марбут ба назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои давлатӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии кишвар баррасӣ шуданд.
Иштирокдорон доир ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз коррупсия, санҷиши дурустии таъйинот ва пардохти музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва таъйини дурустии он аз ҷониби мақомоти назоратӣ, муқовимат бо коррупсия, санҷиши самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳо дар ташкилоти қарзӣ ва санҷиши риояи тартиби хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониҳо дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Семинар бо ибтикори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






