Намоиши аксҳо дар Россия бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Август 11, 2016 16:08

Душанбе, 11.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар Владикавказ, пойтахти Ҷумҳурии Осетияи Шимолии Федератсияи Россия маросими ифтитоҳи намоиши аксҳои суратгири тоҷик, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия Шӯҳратҷон Ёров баргузор гардид. Намоиши фарҳангӣ ба 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ бахшида шудааст. Дар ин бора «Sputnik Тоҷикистон» зимни суҳбате бо аккос Ёров  хабар додааст.

Ба гуфти аккос, ҳадафи асосии ӯ нишон додани дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.

Баъди чанд рӯз намоиши аксҳои суратгир дар Махачқалъа, пойтахти Ҷумҳурии Доғистон  ва сипас дар пойтахти Русия шаҳри Москва   баргузор мегардад.

«Бо суратҳои гирифтаи худ ман мехоҳам зебогиҳои диёрамонро ба дигар халқиятҳои ҷаҳон нишон бидиҳам, то онҳо аз зебогию табиати нотакрори Тоҷикистон ҳаловат баранд. Ман аз тамоми минтақаҳои кишварамон дидан кардам, дар чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ширкат варзидам. Ҳамаи суратҳоеро, ки барои намоиш интихоб шудаанд, ба ман хеле писанданд. Мавзӯъи намоишгоҳро метавон «25-соли истиқлолияти ҶТ» номид. То ҷашни бузурги давлатӣ ман мехоҳам симои имрӯзаи Тоҷикистонро ба дигар халқиятҳо нишон бидиҳам»,-иброз дошт аксбардор.

Ба қавли аккоси тоҷик, дар суратҳо ҳаёти гуногунранги мардуми  Тоҷикистон нишон дода шудааст.

«Дар аксҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон: сиёсат, иқтисод, фарҳанг, аксҳо аз чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯдакон ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон таҷассум гардидааст. Ҳатто аксҳои Бимболат Ватаев-ҳунарманди мардумӣ, ки дар филмҳои «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам» ва «Достони Сиёвуш» нақши асосиро бозидааст, ба намоши гузошта шудаанд. Ман тасмим гирифтам, ки ин суратҳоро низ ба намоиш гузорам»,- зикр намудааст Шӯҳратҷон Ёров.

 

Август 11, 2016 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд