22 сентябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад
Душанбе, 22.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ ва Бунёди Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ «Таҳқиқ ва таълими мероси Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар даврони муосир» баргузор гардид.
Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат, пур аз таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ буда, то имрӯз ҳазорҳо шоирону адибонро тарбия кардааст.
«Рӯдакишиносӣ дар ҷумҳурӣ хеле ривоҷ ёфта, баъд аз ҷашни 1100 солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устодони бузург аз ҷумлаи Мирзо Турсунзода, Абдулҳамид Мирзоев, Шарифҷон Ҳусензода ва дигарон асару мақолаҳои зиёди пурмазмун эҷод карданд, ки барои рӯдакишиносии оянда такони ҷиддӣ аст»,- гуфт Кароматулло Олимов.
Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ шоми имрӯз Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо дастгирии Вазорати фарҳанги кишвар дар нақша дорад, ки дар Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор операи Шарофиддин Сайфиддинов «Рӯдакӣ»-ро манзури ҳаводорони назм ва санъат гардонад.
Боиси зикр аст, ки соли 2002 бо ташаббуси вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву тасдиқи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Рӯзҳои ид» тағирот ворид карда шуда, 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид ва он ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






