Барои сарбозони воҳидҳои низомии КҲФ ҷиҳати расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ курсҳо гузаронида мешаванд

Сентябрь 14, 2016 12:00

Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Давраҳои омӯзишӣ барои интихоби касб ба сарбозон баъди анҷоми муҳлати хизмат кумак  хоҳанд кард. Ин нукта зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати Федератсияи Ҷамъияти байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон таъкид шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ Рустам Назарзода ва Байлар Толиб, намояндаи Федератсияи Ҷамъияти байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар масъалаҳои ҳамоҳангсозии самаровари амалҳои муштарак оид ба баргузории курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат барои сарбозони воҳидҳои низомии Кумита ҷиҳати расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, ҳамчунин фароҳам овардани он имкониятҳоеро, ки ба касбомӯзии ояндаи сарбоз мусоидат мекунанд, баррасӣ карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин расонидани кумаки техникӣ ба бемористони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.

Сентябрь 14, 2016 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид