Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Япония дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод ва энергетика
Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ 20 сентябр бо вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония — муовини раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Япония Кэйҷи Фуруя мулоқот анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ намуданд. Тарафҳо иброз доштанд, ки имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда миёни ду кишвар метавонад ҷиҳати робитаҳо дар соҳаҳои мазкур босамар истифода шаванд.
Миёни маҷмӯи масоили баррасишуда, ҳамчунин зарурати фаъолгардонии ҳамкорӣ дар доираи Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва таҳкими робитаҳо миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар таъкид гардид.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






