Дар Ню-Йорк мулоқоти дуюми аъзои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баргузор гардид
Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябри соли 2016 дар Қароргоҳи СММ мулоқоти дуюми аъзои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки узви панели мазкур мебошад, суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи татбиқи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷалб кард.
Тазаккур дода шуд, ки раванди пешбарии лоиҳаи қатънома оид ба даҳсола оғоз шуда, санади мазкур даҳаи аввали моҳи октябр барои баррасӣ ба Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод хоҳад гашт.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






