Дар шаҳри Остона масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Душанбе, 03.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябри соли 2016 дар Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирмад Ализода бо Вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммедиули баргузор гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушд ва густариши ҳамкориро дар соҳаи фарҳангу варзиш муҳокима намуда, ташкили намоишгоҳҳои муштарак, рӯзҳои фарҳангӣ, конфронсу вохӯриҳо, инчунин табодули таҷриба байни ансамблҳо ва гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистону Қазоқистонро ба мақсад мувофиқ шумориданд.
Роҳбари намояндагии дипломатии тоҷик барои мусоидат дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли равон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон миннатдорӣ баён намуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






