Эътирози донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт нисбат ба рафтори ноодилонаи САҲА

Сентябрь 22, 2016 17:46

Душанбе, 22.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Мо, донишҷӯёни Донишкади омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем, ки дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон (Полша) ҳисоботи солонаи кишварҳои аъзои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ченаки ҳуқуқи инсонӣ дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон бо сарпарастии бевоситаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардида истодааст. Дар кори ин ҷаласа гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Мо, донишҷӯёнро дар ин ҷаласа як чиз нигарон кардааст, ки ҳангоми баромади гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори баргузории ҷаласаҳо гурӯҳҳои зидиҳукуматиро, ки барои кирдорҳои ҷинояткоронаи худ дар кофтуков қарор доранд, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дидаю дониста номнавис карда, дар ин ҷаласаҳо роҳ додааст.

Полша кишварест, ки аъзои  Интерпол мебошад ва бояд ҷинояткорони дар кофтукоби Интерполбударо дастгир намояд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баръакс онҳоро пуштибонӣ намуда, дар ҳудуди худ роҳ додааст.

Моро як рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) нигарон кардааст, ки чаро ин рафторашонро нисбат ба ҷинояткорон аз кишварҳои абарқудрат, ба мисли Амрико, Олмон, Русия, Франсия ва дигарон раво намебинанд. Пурсида мешавад, ки чаро чунин рафтори ноҷавонмардонаро нисбат ба Тоҷикистон, ки дар марҳилаи тараққиёт қарор дошта ва ҳамаҷониба институтҳои демократиро ҷонибдорӣ менамояд,  раво мебинанд.

Рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мо донишҷӯёнро сахт нигарон кардааст, ки дар гуфтор зидди терроризму экстремизм буда, дар асл онҳоро тарафдорӣ карда истодаанд. Агар ин хел набошад, пас чаро ҷинояткоронро дар ин ҷаласаҳо роҳ додаанд?

Аз ин рӯ, мо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ақидаи дигар донишҷӯёни кишвар ҳамфикр буда, рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ  дар Аврупо (САҲА) –ро маҳкум менамоем.

 

Донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории

Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Сентябрь 22, 2016 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид