Муаррифии «Як байти парниён» ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар Теҳрон
Душанбе, 20.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ , ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мегардад, дар Фарҳангсарои ниёварони Теҳрон китоби «Як байти парниён» рӯнамоӣ гардид.
Маросими муаррифии китоби «Як байти парниён» бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) бо иштироки шахсиятҳои фарҳангӣ ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Эрон, корпусҳои дипломатии муқими Эрон баргузор гардид.
Дар маросими рӯнамоии китоби «Як байти парниён» Ифтихор Ҳусейн Ориф -раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон, доктор Ҳасани Ануша — тоҷикшинос ва сарпарасти Донишномаи адаби форсӣ ва донишмандону рӯдакишиносон Муҳаммадсарвари Мавлоӣ, Тавфиқи Субҳонӣ, Заҳро Аслонӣ роҷеъ ба ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва аҳамияти китоби «Як байти парниён» изҳори назар намуданд.
Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ — асосгузори адабиёти форсу тоҷик аҳамияти хоса дода мешавад. Ин аст, ки солҳои 1958 ва 2008 бузургдошти қофиласолори шеъри форсӣ Абӯабдулло Рӯдакӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардид ва ҳар сол 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар маросим рӯнамоии китоби «Як байти парниён» гурӯҳи мусиқии «Навои милал» шеъри машҳури Устод Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» — ро иҷро намуд. Ҳамчунин оҳангу таронаҳое аз ҳунармандони шинохтаи тоҷик Ҷурабек Мурод, Далер Назар ва Муродбек Насриддин пахш гардиданд.
Китоби «Як байти парниён» 36 мақола аз муҳаққиқони барҷастаи тоҷик- Устод Айнӣ, Раҳим Ҳошим, Шарифҷон Ҳусейнзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳром Сирус, Султон Воҳидов, Саъдоншо Имроновро дар бар гирифта, бори аввал бо хати форсӣ дар Эрон мунташир мешавад.
Китоб аз ҷониби Шоҳмансури Шоҳмирзо, намояндаи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО таҳия, тадвин ва баргардон шуда, онро рӯдакишинос Заҳро Аслонӣ вироиш намудааст.
Китоб аз 534 сафҳа иборат буда, дорои шарҳи вожагон, манобеъ ва зиндагиномаи муаллифони мақолаҳост.











Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






