Мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ дар водии Язгулом неругоҳи ғайримуқаррарӣ бунёд мекунанд

Сентябрь 30, 2016 08:53

Хоруғ, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Мотравни водии Язгулом бо иқтидори 300 квт неругоҳи хурди барқӣ бунёд мекунанд. Ин ягона неругоҳ дар кишвар аст, ки сарбанду канали обгузор надорад. Дастгоҳҳои барқии неругоҳ рӯи маҷрои рӯдхонаи кӯҳӣ гузошта шудаанд ва мутобиқ ба сатҳи об ҳаракат мекунанд. Ҳангоми паст шудани сатҳи об шиддати неруи барқ поён ва пас аз баланд шудани он шиддатнокӣ ба таври худкор боло меравад.
Ба гуфтаи намояндаи ширкати «Помирэнерҷи» дар ин ноҳия Масрур Фарҳодов, неругоҳи мазкурро ширкати кореягии «Coika» маблағгузорӣ мекунад ва корҳои сохтмониро як ширкати ватанӣ, мавсум ба «Диемант» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ анҷом медиҳад. Таҷҳизоти техникӣ рӯзҳои наздик аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ интиқол дода мешаванд ва дар даҳаи дуюми моҳи октябр насб хоҳанд шуд.
Ҳамзамон корҳои навсозӣ дар неругоҳи дигари хурди барқӣ дар деҳаи Андарбаки ин водӣ аз тарафи ширкати «Помирэнерҷӣ» бо тавоноии 300 квт идома доранд. Ин неругоҳ низ дар охири моҳи октябр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Пас аз анҷоми сохтмон ҳарду неругоҳ ба шабакаи ягонаи барқи ҷумҳурӣ пайваст карда мешаванд.

Сентябрь 30, 2016 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд