Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ
Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири баланд бардоштани дониши сиёсии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватанпарастии насли созанда, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ масъулони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ бо теъдоди зиёди ҷавонони ин ноҳия мулоқот анҷом доданд.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқоти мазкур намояндагони маҳаллаҳо, шӯрои занҳо, падарону модарон, ҷавонони касбҳои гуногуни ноҳия ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ииштирок намуданд.
Зариф Мирдадо, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд аз ҳаводиси солҳои охири ҷаҳон ва гумроҳии баъзе ҷавонони тоҷик изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки дар марҳалаи кунунӣ ҷавонони тоҷик бояд бомулоҳиза ва эҳтиёткор бошанд, зеро гурӯҳҳои алоҳида ҷавонони ноогоҳро барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






