Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Раиси шӯрои тиҷоратии Туркия-Тоҷикистон мулоқот кард
Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Раиси шӯрои тиҷоратии Туркия-Тоҷикистон Маҳмут Эр 21 сентябр баргузор гардид.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ — тиҷоратӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳарду ҷониб дар раванди тавсеаи ҳамкорӣ баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, форумҳои соҳибкорон, намоишгоҳҳои тиҷоратиро бо мақсади дастрасӣ ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар, ҷалби сармоя ҷиҳати татбиқи тарҳҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, рушди ҳамкорӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идома ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди манфиат изҳор намуда, ба зарурати тақвияти ҷанбаи амалии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид намуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






