Шарҳи сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба озмоиши бомбаи атомӣ дар Кореяи Шимолӣ
Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мо дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ дар санаи 9 сентябри соли 2016 дар Кореяи Шимолӣ ҳамақида ҳастем. Ин гуна иқдомҳои Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамоянд», — гуфта мешавад дар шарҳи сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбеков дар робита ба озмоиши бомбаи атомӣ дар Кореяи Шимолӣ.
Инчунин дар он омадааст: «Дар ин замина, мо аз талошҳо барои ҳалли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ва инчунин изҳороти Шӯрои амнияти СММ ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA), ки Кореяи Шимолиро барои иҷрои ҳатмии қатъномаҳои дахлдори ША СММ даъват намудаанд, ҷонибдорӣ мекунем».








Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд






