Вохӯриҳои вакилони МН МО ҶТ бо сокинони шаҳраку ҷамоати деҳоти ноҳияи Б.Ғафуров
Душанбе, 16.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 16 сентябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи «Бобоҷон Ғафуров 14» ва «Саидхоҷа Урунхоҷаев 15» бо сокинони ноҳия вохӯриҳо анҷом доданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров хабар доданд, чунин мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Қаландарзода ва Ҷ.Ахмедов дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов ва ҷамоати Унҷӣ доир шуд, ки дар он намояндагони аҳли ҷомеа, кормандони соҳаҳои саноатию кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, аҳли фарҳанг, намояндагони собиқадорон, занону ҷавонон иштирок намуданд.
Ҳадафи мулоқот- аз наздик шинос шудан бо вазъи зиндагии аҳолӣ, муколама доир ба масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, тарғиби сиёсати давлатию дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ дар зарфи 25-соли соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо аҳолӣ дар маҳаллаҳои 9 ҷамоати деҳоти ноҳия бо иштироки шумораи зиёди сокинон доир шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






