8 голи «Истиқлол» ба дарвозаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 11.10.2016. /АМИТ«Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни ду дастаи Лигаи олӣ- «Истиқлол»-и Душанбе ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Аз дастаи «Истиқлол» ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов 5 голро вориди даврозаи меҳмонон намуд. Фатҳулло Фатҳуллоев дублро ба қайд гирифт. Як тӯби дигарро легионери африқоии дастаи «Истиқлол» Девид Мауто ба ҳадаф расонид. Бо ҳамин бозии серголу ҷолиб байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва Парвози Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 8 бар 2 ба манфиати дастаи «Истиқлол» анҷом пазируфт. Ин бурд мавқеи дастаи «Истиқлол»-ро дар ҷадвали умумии мусобиқа боз ҳам устувортар кард.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров баъд аз 14 вохӯрӣ, ки ҳамагӣ як пирӯзӣ дорад, дар ҷадвали умумии Лигаи олӣ дар зинаи охирин қарор дорад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






