Бардошт аз китоби «Аз Панҷоб то Панҷрӯд»-и Орифи Навшоҳӣ: Панҷрӯд аз лиҳози таърихӣ ва адабӣ мақоми азиму баланд дорад

Октябрь 3, 2016 16:36

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Аз Панҷоб то Панҷрӯд»-таҳти чунин унвон китоби доктор Орифи Навшоҳӣ аз тарафи Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ аз забони урду ба форсӣ тарҷума ва аз форсӣ ба кириллик баргардон ва ба нашр расид. Китоб бо кӯшиш ва таҳияи Муҳаммадҷаъфар Ранҷбар, муассис ва мудири Китобхонаи устод Халилуллоҳ Халилӣ ҳамчун туҳфаи ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба поси нону намаки тоҷикони ҳамфарҳангу ҳамзабон ва меҳмоннавоз эҳдо мегардад.
Ин асар аз лиҳози шинохти мақбараҳо ва мазорҳои бузургону гузаштагони қаламрави Тоҷикистон дорои аҳамият ва омӯзишҳои арзандаи таърихӣ ва таҳқиқӣ мебошад, зеро нависандаи он бо таъриху фарҳанг ва ҳавзаи бузурги Хуросону Мовароуннаҳр ошноӣ ва огоҳии комил дорад. Номбурда зимни сафар ба ин маконҳо лаҳзаҳоро аз зиндагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ, Муҳаммади Башоро, Яъқуби Чархӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон чунон бозкушоӣ ва ёдоварӣ менамояд, ки аҳамияти ин асар ва дониши нависандаашро ба намоиш мегузорад.
Китоби «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» аз панҷ сафарнома иборат буда, ойинаи қаднамои таъриху фарҳанг, шаҳрҳову шахсиятҳо, меҳмоннавозӣ ва пешрафти Тоҷикистони муосир мебошад, ки мутолиа ва омӯзиши он на танҳо барои донишмандону донишҷӯн, балки барои тамоми хонандагони тоҷик холӣ аз лутфу дилчаспӣ ва омӯзиш нахоҳад буд. Ҳатто тарҷума ва нашри ин асар ба забонҳои муътабар ҳамчун беҳтарин раҳнамо ва муаррифиномаи Тоҷикистон барои муҳаққиқон, ҷомеашиносон ва сайёҳони хориҷӣ хидмат мекунад.
Ҳамчунин барои арзишу аҳамият ва зебоии ин асар аксҳо аз маконҳои таърихию фарҳангӣ ва чеҳраҳои илмию адабии тоҷик, ки ёду зикрашон дар асар рафтааст, чоп шудаанд.
Доктор Орифи Навшоҳӣ дар муқаддимаи китоб навиштааст: «Ман то кунун аз соли 2009 то моҳи марти соли 2016 панҷ бор ба кишвари азизи Тоҷикистон сафар кардам. Се сафари аввалро, ки дар солҳои 2009, 2010 ва 2014 ёддошт карда будам, ба забони урду навиштам ва бо номи «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» дар соли 2014 дар Исломобод ба чоп расондам. Ин номаро барои ин баргузидам, ки сафарамро аз вилояти худ -Панҷоби Покистон шурӯъ кардам ва то Панҷрӯд, ки рустои таърихӣ ва дурдасти Тоҷикистон аст, идома додам.
Маънои лафзии панҷ об панҷ дарё, панҷ рӯд аст. Шабоҳати номҳо як иштироки савтӣ байни Панҷоб ва Панҷрӯд дар ҷойи худаш аст. Аммо Панҷрӯд аз лиҳози таърихӣ ва адабӣ мақоми азиму баланд дорад, зеро дар он ҷо аввалин шоири тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ мадфун аст.
Дар китоби «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» (чопи Исломобод, 2014) эҳсосот ва мушоҳидаи худро нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон ба забони урду баён кардам. Ин аввалин сафарнома ва аввалин китоби урду роҷеъ ба Тоҷикистон аст, вале дӯстам Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, ки заминаи ин сафарҳоро барои ман фароҳам карда буд, бар он буд, ки сафарномаҳои ман ба забони тоҷикӣ баргардонда шавад, то дӯстони тоҷик ва онҳое, ки ба хати сириллик ошноӣ доранд, бидонанд, ки як сайёҳи форсиомӯхтаи покистонӣ кишвари Тоҷикистонро бо чӣ нигоҳе дидааст. Се сафарномаи аввал ба василаи дӯсте дар Кобул бо супориш ва кӯшиши Ранҷбар ба форсӣ тарҷума шудааст ва сафарномаи чаҳорум ва панҷумро худ мустақиман ба форсӣ навиштаам ва акнун ин маҷмӯъа зери назар ва ба ҳиммати Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар ба тоҷикӣ ва сириллик баргардонда ва нашр мешавад.
Мо бо Тоҷикистон иртиботи зиёд дорем. Баъд аз панҷ сафар ба Тоҷикистон он муҳаббате, ки нисбат ба ин сарзамин ва шаҳрвандонаш дар дили ман эҷод шуд, дар баёну васф намеғунҷад. Дар ҳеҷ сафар ва дар ҳеҷ ҷое дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат накардам. Дар хонае, ки ҳамдинӣ, ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ ҳукмфармо бошад, каждуми ғурбат намегазад. Ман аз тамоми дӯстони тоҷик, ки дар ин сафарҳо нисбат ба ман ибрози муҳаббат намудаанд, беандоза сипосгузорам».
Дар сарсухани китоб ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов навиштааст: «Барои мо тоҷикон ҳам ҷои ифтихор аст, ки устод Навшоҳӣ чанд маротиба ба кишвари азизамон сафар карда ва суҳбатҳое бо донишварони мамлакатамон дар арсаи нусхашиносии осори форсӣ анҷом додааст. Ҳоло ки таълифи тозаи устод бо номи «Аз Панҷоб то Панҷрӯд» дар дасти хонандагони арҷманд аст, бовари комил дорам, ки ин посдорӣ ва муҳаббату дилбастагии устод дар ҳар сатру саҳифаи он нисбат ба фарҳангу адаби форсӣ, бахусус адабиёти форсии Фарорӯдон- аз устод Рӯдакӣ то кунун бештар аз пештар муҷассам мегардад. Боқӣ дуо мекунем, ки офият ва саодати ҳамеша насиби устоди пуркор Орифи Навшоҳӣ бошад, то солиёни дароз дар роҳи хидмат ва посдории фарҳанги мо дар ақсои олам роҳкушоӣ ва раҳнамоиҳои бештар аз ин дошта бошанд».
Орифи Навшоҳӣ 27 марти соли 1955 дар рустои Чанбали Шайхпураи Панҷоби Покистон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Теҳрон, доктори забон ва адабиёти форсӣ, муаллифи беш аз 300 мақола оид ба соҳаи маориф дар хориҷ аз кишвар мебошад. Беш аз 300 мақолааш дар маҷаллаҳои Покистон, Тоҷикистон, Эрон, Ҳиндустон, Туркия ва Фаронса чоп шудаанд.
Ду китоби ӯ — «Дар кӯи Халил» ва «Ёри ошно» дар Тоҷикистон ба нашр расидаанд.

Октябрь 3, 2016 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОЗА ВОСТОКА». Маҳина Нурова аз Тоҷикистон сазовори Шоҳҷозаи ин фестивал гардид
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд