Боздиди Сарвазири мамлакат аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави Академияи ВКД
Душанбе. 08.10.2016, /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои сохтмонии иншоотҳои он аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид аз бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Қоҳир Расулзодаро вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовинони вазир ва сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар бинои нави Академия дар айни замон корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, сохтмончиён бо шароитҳои зарурии корӣ таъмин мебошанд.
Сарвазири мамлакат ҷиҳати вусъат додани корҳои сохтмонӣ, таъмини саривақтии сохтмончиён бо масолеҳи зарурӣ ва ободу зебо намудани гирду атрофи биноҳо ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳо дод.
Зикр гардид, ки маблағҳои ҷудогардида сари вақт аз худ карда шуда, баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ кормандони иловагӣ ҷалб карда шаванд. Ҷиҳати босифат ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохтани бинои асосии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва биноҳои иловагӣ аз қабили хобгоҳ, бинои истиқоматӣ, таваққуфгоҳ ва дигар шароитҳои моддӣ-маишӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.








17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






